Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи нигаронкунандаи интернатҳо барои маъюбон


Қудратулло Зиёдалиев бо сабаби нобиноияш маъюби гурӯҳи якум аст. Вай дар яке мактаб-интернатҳои Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Вай мегӯяд, бо сабаби набуди шароити мусоиди нигоҳубини шогирдон дар ин мактаб маҷбур шудааст таҳсилро тарк карда, ба хонаи волидонаш ба ноҳияи Фархор баргардад.

Қудратулло меафзояд, «он шароите, ки дар интернат мо доштем, моро қаноматманд намекард. Барномаҳои таълимӣ кӯҳна шуда буданд, адабиёти дарсӣ надоштем, барои ҳамин ман ду сол хондам баъд ба хона баргаштам ва ба худомӯзи машғул шудам».

Дар ҳоле ки коршиносон ва иддае аз маъюбон аз ҳолати нигаронкунандаи вазъи моддӣ ва маънавии мактаб-интернатҳои махсус ва камтаваҷҷӯҳии мақомоти зирабт ба маъюбон ёдовар мешаванд, Ҷонибек Султонназаров, ки дар синни 12-солагӣ маъюб шуда, ҳоло донишҷӯи яке аз донишкадаҳои олии кишвар аст, мегӯяд, ки ҳамаи ин садду мушкилотро дида кӯшиш кардааст дар хона бо роҳи худомӯзӣ савод гирад.

Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно расидагии шоиста ба вазъи кӯдакони имконияташон маҳдуд сурат нагирифтааст. Чунин аст андешаи аксар коршиносон, ки дар Душанбе дар маросими муаррифии барномаи вижа барои атфолу наврасони имконияташон маҳдуд иштирок карданд.

Муаллифони барнома таъкид намуданд, ки дар кишварҳои мисли Тоҷикистон то ҳанӯз натавонистанд низоми кӯмакҳои иҷтимоӣ ба ин бахши атфолро бознигарӣ карда, онҳоро ба ҳаёти ҳамарӯзаи маъмулӣ ворид созанд.

Вазъи наврасони маъюб дар Тоҷикистон то ҷое нигаронкунанда аст, ки ҳатто кумитаи омор маълумоти саҳеҳро дар бораи ин кӯдакон ироа карда наметавонад ...
Ян Витман, раҳбари барномаи ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳо оид ба Рушд, дар ин нишаст гуфт, ки вазъи наврасони маъюб дар Тоҷикистон то ҷойе нигаронкунанда аст, ки ҳатто кумитаи омор маълумоти саҳеҳро дар бораи шумори ин кӯдакон ироа карда наметавонад.

Ба гуфти ӯ, дар ҳоле, ки сол то сол барномаҳои иқтисодӣ дар ин кишвар рушд меёбаду вазъи иҷтимоӣ то андозае беҳтар мешавад ва буҷаи низоми маориф ҳам афзоиш меёбад, то кунун касе дар фикри ин кӯдакон нашудааст.

Ян Витман афзуд, «ҳарчанд мо талош кардем, ки омори шумори маъюбро дар Тоҷикистон дастрас кунем, муяссар нашуд. Саволи дигар ин буд, ки чи теъдоди маъюбон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вазорати маориф як маълумотро барои мо муаррифӣ кард, вале ин моро қонеъ карда наметавонад. Зеро маълум аст, ки дар Тоҷикистон вазъи иқтисодӣ бад аст ва аксарияти хонаводаҳои камбизоат тавони тарбияи кӯдакони мӯҳтоҷи худро надорад».

Аз нигоҳи таҳлилгарон, атфоли маъюб дар Тоҷикистон барои таҳсил ва мактабравӣ шароити зарурӣ надоранду барояшон шаклҳои алтернативии таълим мавҷуд надорад. Вале намояндаи вазорати маорифи Тоҷикистон Давлатбегим Гулбекова, ки бо ин андеша розӣ набуд, гуфт барои бо таълим фаро гирифтани ин кӯдакон тамоми тадбирҳо андешида мешавад. Ва Вазорати маориф дар садади омода кардани барномаи алтернативии таълимӣ дар ин бахш мебошад.

Бино ба иттилои Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, феълан дар кишвар 19 ҳазор кӯдаки то 16-солаи бо имкониятн маҳдуд ба қайд гирифта шуда, 13 мактаб-интернати махсус барои атфоли маъюб амал мекунанд. Дар 4 мактаби ин феҳраст, ки ба зимаи вазорати маориф мебошанд, дар маҷмӯъ 2 ҳазору 227 нафар навраси маъюб ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин интернатҳо ҳама дар замони шӯравӣ сохта шудаанд.

Вале масъала ин аст, ки боз на ҳама волидон шароити таҳсили фарзандонашонро дар мактабҳои вижа фароҳам меоранд. Масъалаи дигари низоми таълими ин кӯдакон дар камбуди омӯзгорон аст, ки ҳам фанни худро бидонанду ҳам забони тоҷикӣ ва ҳам тарзи кор бо кӯдакони маъюбро.

Ба гуфти Дилбар Бобоева, раҳбари мактаб-интернати бачагони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то ба имрӯз 217 кӯдаки имконияташ маҳдуд бо таълим фаро гирифта шудаанд ва норасоии омӯзгорон яке аз мушкилоти аслии онҳо маҳсуб мешавад.

Вай афзуд, «мактаб интернати мо аз соли 1975 таъсис дода шудааст. Агар аз як тараф мушкилот бо забони русӣ будани барномаи таълимӣ бошад, паҳлӯи дигар норасоии омӯзгорон мебошад. Чун мо ҳамагӣ 5 нафар омӯзгори собиқадор дорем».

Коршиносон барои беҳтар шудани системаи фарогирии таълиму тарбияи атфоли маъюб дар Тоҷикистон зарурати такмили қонунгузорӣ ва сиёсати маориф нисбати ингуна кӯдакон, беҳтар кардани сифати хизмтарасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимояи ҳуқуқи онҳоро аз иқдомҳои муҳим арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG