Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Русия мешавад эътимод баст?


Мирослав Ниёзов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Қирғизистон аст, ки мегӯяд, ба ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созишномаи ин ду кишвар дар мавриди истифодаи муштараки нерӯҳои низомӣ ба хотири таъмини амният бо як зарра эҳтиёт баҳо медиҳад.

Ниёзов: “Ин як кӯшиши ба ҳам овардани тарафҳои оштинопазир аст. Дар миёни кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд мушкилот, ихтилофҳои ҳалношудаи байналмилаию дуҷониба хеле зиёд аст. Хатарноктарин чиз ин аст, ки ҳама ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ришват шадидан олуда буда, ҷилави қудрат дар дасти як хонаводаву қабила аст. Ва манфиатҳои давлатӣ ҳам аз манфиатҳои хонаводаии раҳбарони ин кишварҳо вобаста мешавад. Аз ин хотир, умқи ихтилофҳои дохилӣ дар ин ҷумҳуриҳо бараъло аён аст. Ва дар ин гуна вазъият нақши Русияро тавзеҳ додан хеле сахт аст. Маскав метавонад ҳам аз вазъияти ҳамонлаҳзаинаи манфиатовар барои Русия истифода кунаду ва ҳам аз манфиатҳои дарозмуддат кор гирад. Аз ин хотир, ман ҳоло гуфта наметавонам, ки созиши мавҷуда барои Тоҷикистон пурмаҳсул буда оё метавонад хусусияти амалӣ дошта бошад?”.

Озодӣ: Дар ҳолате, ки дар сатҳи дохилиминтақаӣ, на берун аз қаламрави Осиёи Миёна ҳоло ихтилофҳои муайян миёни ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ эҳсос мешавад, тавре дар намунаи равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон дидан мумкин аст, ва таҳаввулоти ахир бахубӣ нишон медиҳад, ки Русия маъмулан ҳангоми мавқеъгирӣ тарафи ҷониби қавиро мегирад. Фарз кардем, дар сурати пеш омадани таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби Ӯзбакистон оё чӣ таҳаввулотро дар чаҳорчӯби ин созишнома пешгӯӣ кардан мумкин аст?

Ниёзов: “Сиёсати хориҷии Ӯзбакистон номунтазам пеш меравад. Ва хусусияти вижаи сиёсати ин кишвар дар талош барои ҷилавгирӣ аз ҳамоишёбӣ бо ҳамсояҳо дар ҳар гуна созмонҳо ва пешбурди сиёсати инфиродии иқтисодӣ аст. Ва ин сиёсат боиси он шудааст, ки равобити Тошканд бо ҳамсояҳояш чандон хуб нест. Масъалаи бунёдии дигар ин аст, ки таҷрибаи давлатдории кишварҳои мо хеле нокофӣ аст, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ин давлатҳои ҷавон ҳам хеле зиёд аст. Аз ин хотир, ихтилофу низоъҳо дар Осиёи Марказӣ ҳоло дар пеш аст. Фардо ё баъди як солу ду сол, маълум нест. Аммо мусаллам аст, ки дар шароити чунин гуногунии шароитҳои сиёсӣ, ҳалношуда мондани масъалаҳои марзӣ, набуди аломатгузории марзҳо ва сол то сол амиқтар шудани ин мушкилот бо баҳсҳои обиву заминӣ, марзӣ ва тиҷоратӣ ҳоло низоъҳо дар пеш аст. Мутаассифона, ҳеҷ як созмони байналмилалӣ - на Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, на Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ин мушкилотро ҳал намекунанд, баръакс ин мушкилотро боз ҳам печидатар мекунанд”.

Озодӣ: Ва саволи охир: оё шумо Русияро як шарики боэътимоди амниятиву низомӣ арзёбӣ мекунед?

Ниёзов: “Посухи ин савол душвор аст. Як чиз мусаллам аст, ки дар музокираҳои байналмилалӣ Русия нақши калидӣ мебозад. Вобаста ба ин ки мавқеи Русия дар арсаи байналмилалӣ чӣ гуна мешавад, сарнавишти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маъмулан аз ҳамин чиз вобаста аст. Кишварҳои Осиёи Миёна дар баробари ду интихоб қарор доранд: метавонанд ҳамингуна дар чаҳорчӯби як сиёсати байналмилалии мубҳами Муштарак-ул-Манофеъ ба сар баранд ва ё ба самти тамаддуни сиёсии устувору боэътидоли ғарбӣ гом бардоранд. Барои ин кишварҳо интихоб ҳамеша мавҷуд аст. Русия бояд инро фаҳмида мувофиқи ҳамин чиз амал кунад. Ин кишвар бояд нақши дарозмуддату стратегиро иҷро кунад, на ин ки аз манфиатҳои лаҳзаинаи худ кор гирад. Ва дар ин сурат Маскав метавонад барои ҳалли масъалаҳои минтақаӣ хизмати созанда кунад, вагарна дар ҳолати баръакс вазъ муташанниҷ хоҳад шуд”.
XS
SM
MD
LG