Ҷалби ҷавонон ба корҳои саҳроӣ
Акрам, як хонандаи синфи 9-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аст. Вай мегӯяд, маъмулан, пас аз дарс ба саҳро баромада, дар канори модари деҳқонаш пахтачинӣ мекунад. Акрам мегӯяд, 10-15 сомонии аз пахтачинӣ бадастомадаро барои харҷи маводи хониши худу хоҳаронаш масраф мекунад.
Акрам мегӯяд, ҳоло ҳамроҳи модару ду хоҳараш ба сар мебарад ва падараш наздики ду сол шудааст, ки дар муҳоҷират дар Русия қарор дорад. Аз Акрам пурсидам, оё дар бораи манъи пахтачинӣ барои донишҷӯёну мактабиён ва изҳороти имсолаи президент хабар надорад? Ӯ мегӯяд, ин гуна даъвату амрҳо ба гӯши онҳо расад ҳам, вале бештар дилаш ба кори сангини модараш сӯхта, виҷдонаш намегузорад, ӯро танҳо дар кори сахти саҳро гузорад. Вай ҳамчунин эътироф мекунад, ки кори деҳқонӣ кайҳост ба ҷараёни таҳсили ӯ таъсири манфӣ расондааст, ҳарчанд, гуфт ӯ, орзуи деринаи ӯ табиб шудан будааст.
Хонум Муҳаррам, ки ба заҳматҳои писараш боафсӯс менигарад, вазъи баамаломадаро бори мушкилоти иқтисодиву бекориву ниёзмандӣ медонад. Вай мегӯяд, дар гузашта дар як корхонаи ресандагии маҳаллӣ кор карда, ҳоло он давраҳоро зиёд ёд мекунад. Ҳоло, мегӯяд ӯ, ҳама дугонаҳои пешинаи ҳамкораш мисли ӯ кори дастгоҳро бо белу каланд табдил кардаанд.
Дар ноҳияи Спитамен феълан наздики 30 ҳазор ҷавон ба сар мебарад. Ҳусейн Зокиров, сардори бахши ҷавонии ноҳияи Спитамен мегӯяд, беш аз ду ҳазор ҷавонони маҳаллӣ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд. Вай ярмаркаҳои ҷойҳои холии кориро ҳамоно аз роҳҳои асосии таъмини ҷавонон бо ҷои кор арзёбӣ мекунад, ҳарчанд нагуфт, ки то ҳол бо ин роҳ чӣ шумори насли ҷавон соҳиби кор шудаанд.
Дарёфти рӯзӣ аз аробакашӣ
Ҷавонҳое, ки дар ноҳия мондаанду, ҷои кори собит надоранд, маъмулан рӯзии худро бо кори аробакашӣ дар бозорҳо ва ё кори сохтмон дарёфт мекунанд. Мурод, як ҷавонони спитаменӣ, чор сол боз аробакашӣ мекунад.Мурод маблағи аз аробакашӣ ба дастовардаашро барои хариди маводи ғизоӣ дар оила масраф мекардааст.
Шуғли ҷавонон дар корҳои сохтмонӣ
Одил дар сохтмон машғули кор аст. Вай кори таъмиру тармимро муддате дар замони дар Русия муҳоҷир буданаш ёд гирифтааст ва ҳоло бо кори сементрезиву хиштгузорӣ дар зодгоҳаш рӯзашро шаб мекунад. Одил мегӯяд, аслан, ихтисоси ӯ агроном аст ва баъди хатми донишгоҳ вай муддате дар як корхонаи давлатӣ кор кардааст, вале масъалаи кам будани маош ӯро хеле дилсарду ноилоҷ кард ва инак ӯ ҳамчун узви дастаи сохтмончиҳо фаъолият мекунад.
Вай мегӯяд, мисли ӯ ҳамсолони зиёдаш маҷбур шудаанд аз орзуҳои деринаашон мисли омӯзгориву милисаву бонкдориву духтурӣ даст кашида, ҳоло бо умеди кори муваққат худро ба саҳрову сохтмон зананд. Аммо, мегӯяд Одил, метарсад, тамоми умр бо ҳамин орзуи имрӯз не фардо охир шудани ин рӯзҳои сахт сипарӣ шуда, дар ниҳоят аз ҳама хостҳои худ бенасиб мемонанд.