Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» - пешсафи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Шоми 26-уми сентябр бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расиданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе бар тими мизбон - «Гвардия» - бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ҳисобро дар нимаи аввали бозӣ Субҳон Хоҷамов, бозигари «Вахш», боз намуд. Сипас Рустам Усмонов аз пенолти голи дуввумро ба самар расонд. Голи севуми «Вахш»-ро Фозил Сатторов дар нимаи дуввуми бозӣ вориди дарвоза кард. Як голи «Гвардия»-ро Фарҳод Норбоев зад.

Вале «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак»-и Душанбе аз дастаи мизбон - «Энергетик» - бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голро Сӯҳроб Ҳамидов дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯбро Одил Эргашев дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба дарвозаи ССКА «Помир» ворид кард.

Инчунин дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин давр бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 соҳиби се имтиёз шуд. Зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Баъди натиҷагирии даври 13-ум «Вахш» бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад. Рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ - «Хуҷанд» - бо 31 имтиёз ба зинаи дуввум фуромад. «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» бо 26-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум ҷойгир шудаанд. Вале «Регар» ТадАЗ як бозӣ камтар анҷом додааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 1-уми октябр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

13

11

1

1

30-12

34

2.

«Хуҷанд»

13

10

1

2

28-8

31

3.

«Регар» ТадАЗ

12

8

2

2

22-9

26

4.

«Истиқлол»

13

8

2

3

24-14

26

5.

«Энергетик»

13

7

1

5

33-18

22

6.

«Парвоз»

13

4

4

5

17-17

16

7.

«Равшан»

12

4

2

6

21-21

14

8.

«Спитамен»

13

1

3

9

9-29

6

9.

«Гвардия»

13

1

2

10

6-39

5

10.

CСKA «Помир»

13

0

2

11

8-31

2



Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 12 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 11 гол, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») – 9 гол.
XS
SM
MD
LG