Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми раиси AFC – дар Тоҷикистон


«Ҷаҳони варзиш» ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё), ки аввалин бор ба Тоҷикистон омадааст, бахшида мешавад.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон ва барандаи 2-каратаи Ҷоми раиси AFC.

Дар ҳоле ки дастаи «Регар» ТадАЗ дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC ширкат мекунад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола омодагӣ мебинад. Бозиҳои интихобии сабқати гурӯҳи «А» аз 25-уми октябр то 4-уми ноябр дар шаҳри Катмандуи Непал баргузор мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Урдун, Яман, Непал, Фаластин ва Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар ин барнома мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Барнома шоми 24-уми сентябр ва субҳи 25-уми сентябр пахш шудааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG