Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финали Ҷоми раиси AFC: «Дордой» - «Регар»


Дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Регар-ТадАЗ»-и Тоҷикистон ба бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) роҳ ёфтанд.

«Дордой-Динамо»-и Норин, барандаи дукаратаи Ҷоми раиси AFC ва қаҳрамони 5-каратаи Қирғизистон, дар бозии аввали ниманиҳоӣ, ки 25-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бар тими «Ишқобод»-и Ишқобод, қаҳрамони 2-каратаи Туркманистон, бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ду голи «Дордой-Динамо»-ро Талант Самсалиев (дар дақиқаи 31-ум) ва Вадим Харченко (дақ. 46-ум) ба самар расонданд. Яг голи «Ишқобод»-ро Гуванҷ Ҳангелдиев (дақ. 54-ум) зад.

«Дордой-Динамо» барои бори панҷум ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале пас аз бозӣ дар нишасти матбуотӣ сармураббии «Дордой-Динамо» Сергей Дворянкови русиягӣ бо вуҷуди ғалаба аз бозии шогирдонаш изҳори ноқаноатмандӣ кард. Вай гуфт: «Ин бозии бадтарини мо дар мавсим буд. Ҳатто дар чемпионати мамлакат даста футболи нисбатан босифат намоиш медиҳад. Аз як тараф кори мо омад кард, ки рақибамон дар ҳолати хуб набуд, бахусус, аз ҷиҳати омодагии ҷисмонӣ заиф ба чашм мерасид. Аз ҷониби дигар ба футболбозони мо замони баргузории бозӣ, ки ҳангоми гармии ҳаво, соати 11-у 30 дақиқа, шурӯъ шуд, таъсири манфӣ расонд. Мо ба бозӣ дар чунин вақт одат накардаем. Ба андешаи ман AFC бояд минбаъд ба таъин намудани вақти баргузории бозиҳо ҷиддӣ муносибат кунад. Вале ман гуфтанӣ нестам, ки хеле дилсард шудаам, охир мо ба финал баромадем».

Ва аммо Борис Григорянс, сармураббии «Ишқобод», натиҷаи бозиро одилона ҳисобид. Ӯ гуфт: «Дастаи мо бо тамоми қувва бозӣ кард, вале мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ заифтар будем. Дар баъзе мавридҳо корамон барор намегирифт. Дар ҳайати даста ҳафт нафар бозигарони наву ҷавон ҳунарнамоӣ карданд, ки касби таҷоруби мусобиқаи байнулмилалӣ, албатта, дар оянда барояшон ба кор меояд».

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими мизбон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи дукаратаи Ҷоми раиси AFC ва қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон, бар дастаи «Покистон ВАПДА»-и Лоҳур, қаҳрамони 7-каратаи Покистон, дар замони изофӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голро Зулфиқор Алӣ Шоҳ дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд. Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 74-ум ҳисобро баробар кард. Баъди 10 дақиқа Маҳмуд боз дастаи меҳмонро пеш баровард. Ба Маъруф Рустамов (дар дақиқаи 90+1) муяссар шуд, тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карда, ҳисобро баробар намояд. Замони асосӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.

Тақдири бозӣ дар ду қисми изофии 15-дақиқагӣ ҳал шуд. Аввал Худо Бахш, бозигари покистонӣ, дар дақиқаи 103-юм муваффақ гашт. Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 106-ум боз ҳисобро мусовӣ кард (3:3). Ва, ниҳоят, голи ҳалкунандаро боз ҳам Маъруф Рустамов (бародари бузурги Ҳасан)дар дақиқаи 113-ум ба самар расонд ва ба «Регар-ТадАЗ» пирӯзӣ овард.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 54-ум сардовар Шукрулло Наваф (Баҳрайн) ҳамлагари мизбонон Комил Саидовро барои бо оринҷ лат додани рақиб аз бозӣ хориҷ кард. Бинобар ин баъдан «Регар-ТадАЗ» бо 10 нафар муқобили 11 кас мубориза бурд ва пирӯз ҳам шуд.

Баъди анҷоми бозӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. «Ин бозӣ барои мо хеле душвор сурат гирифт. Ба бозии даста аз майдон ронда шудани Комил Саидов таъсири манфӣ гузошт. Умуман, ман аз ҳукми доварон норозиам. Ҳамчунин гуфтаниам, ки бозигарони хатти пеш суст бозӣ карданд ва ба ман лозим омад, ки ҳамлагаронро бо ҳимоятгарон иваз намоям. Ин кор натиҷаи хуб дод. Маъруф Рустамов ду голи ҳалкунанда зад».

Мусоҳиби дигари мо Халид Бутт, сармураббии ВАПДА, аз бозии шогирдонаш изҳори қаноатмандӣ карда гуфт: «Мо дар бозиҳои пешин аз ҷиҳати омодагии ҷисмонӣ нисбат ба «Регар-ТадАЗ» заифтар будем, вале ин дафъа баробар бозӣ кардем. Ба футболбозони худ эрод гирифта наметавонам. Дар ин бозии пуршиддат яке бояд мағлуб мешуд. Вале мо аз ин ноумед намешавем. ВАПДА дар чемпионати Покистон пешсаф аст ва бовар дорам, ки боз дар Ҷоми раиси AFC ширкат хоҳем кард».

Ҳамин тариқ, рӯзи якшанбеи 27-уми сентябр, соати 15 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дастаҳои «Дордой-Динамо» ва «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC рӯбарӯ мешаванд. Ғолиб бо Ҷом ва 50 000 доллар мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 25000 доллар супурда мешавад. Азбаски ҳарду даста дуборӣ Ҷоми раиси AFC-ро ба даст овардаанд, ин дафъа ғолиб Ҷомро абадӣ нигоҳ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG