Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабқати Ҷоми раиси AFC дар Турсунзода


Имрӯз, 25-уми сентябр, барои аввалин бор дар Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода, бозиҳои сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC шурӯъ шуд.

Бозии аввали ниманиҳоӣ байни дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Ишқобод»-и Туркманистон субҳи имрӯз баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 бар фоидаи дастаи "Дордой-Динамо" анҷом ёфт.

Голҳоро аз дастаи ғолиб бозигарон Талант Шамсалиев ва Вадим Харченко дар дақиқаи 31-уми қисми аввал ва дақиқаҳои аввали қисми дуввуми бозӣ ба самар расонданд.

Бозигари дастаи "Ишқобод"-и Туркманистон Азат Муҳатов дар дақиқаи 54-уми қисми дуввуми бозӣ тавонист нахустин ва ягона голро ба дарвозаи рақиб занад.

Имрӯз ҳамчунин варзишгоҳи «Металлург» соати 16 бозии дуввуми ниманиҳоӣ байни дастаи мизбон - «Регар» ТадАЗ ва ВАПДА-и Покистон шурӯъ хоҳад шуд.

Бозии ҳалкунанда ва ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ рӯзи якшанбе, 27-уми сентябр, соати 15 барпо мегардад.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC аз соли 2005 барои панҷумин бор баргузор мешавад. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Дордой-Динамо» дуборӣ барандаи ин Ҷом гардидаанд.

Дар мусобиқаи соли гузашта дар шаҳри Бишкек «Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - «Дордой-Динамо» - аз рӯи силсилаи пенолти ғолиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG