Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобат бояд одилона бошад


Мехоҳам, ақидаамро дар мавриди навиштаи Нурмуҳаммади Холзода аз зиёд шудани тоҷирони чиноӣ дар бозорҳои Тоҷикистон баён дорам.

Дар аксари кишварҳое, ки роҳбаронашон ғами мардумро мехӯранд, қонунҳои ҳимояти соҳибкорони махаллӣ қабул шудааст.

Масалан, чанд сол пеш дар як бозори Тошканд шоҳиди он будем, ки чӣ гуна уйғурҳои чиноиро аз он ҷо берун карданд, аммо баъд аз он ҳеҷ гуна сардие байни Пекин ва Тошканд мушоҳида нашуд.

То соли 1992 бисёре аз истаравшанихо (аз ҷумла худи ман) дар бозорҳои шаҳри Намангони Узбакистон ба хариду фурӯши мавиз машғул будем, аммо рӯзе полиси узбак омад ва гуфт ки мо бояд ҷойро холӣ карда, ба худи узбакҳо диҳем ва дар муддати 3 рӯз баромада равем, яъне бо ин корашон мехостанд, моро берун ва шаҳрвандони худашонро бо кор таъмин кунанд.

Ба ҳукуматдорони мо низ лозим аст, ки тоҷирони хориҷиро берун кунанд, то ки ҷои онҳоро мардуми маҳаллӣ гиранд. Зеро онҳо тавре таҷриба нишон медиҳад, тоҷирони маҳаллиро торафт аз бозорҳо танг карда мебароранд.

Давлат, ки наметавонад мардумро бо кор таъмин кунад ва ягона роҳи нисбатан даромаднок дар Тоҷикистон ҳамин тиҷорати бозорист.

Аммо як идда мансабдорон ба мақсади пур кардани кисаҳои худашон ба истилоҳ "бозорҳои муштараки Чину Тоҷикистон" ташкил кардаанд ва аз он ҳисоб даромади ҳангуфти муфт ба даст меоранд.

Масалан, дар Хуҷанд бо номҳои "Атуш-бозор" ва "Сомон-бозор" 2-то чунин бозор фаъолият дорад, ки дар он ҷо аксаран чиноиҳо кор мекунанд.

Дар ҳамин "Атуш-бозор" ки 5-сол пеш кушода шуд, уйғурҳои чиноӣ стратегияи айёрона пеш гирифтанд. Онҳо аввал молашонро бо нархи арзон мефурӯхтанд ва баъд аз он ки бо ин амал тоҷирони маҳаллиро танг карда бароварданд, шурӯъ карданд ба "яккатозӣ" ва ҳоло ба ҳар баҳое ки дилашон хоҳад, мефурӯшанд.

Бояд инро ҳам гуфт ки дар ҳамин "Атуш-бозор" тақрибан 200 нафар уйғурбачаҳо фаъолият доранд, аз ин танҳо 4-5 нафарашон аз хориҷа ба таври яклухт бор ворид мекунанд, боқимонда ҳамаашон дар ҳамин ҷо ба харидуфурӯши чакана машғуланд.

Ман худам ки бо онҳо сари кор дорам ва бисёр ҳамсӯҳбаташон мешавам, мефаҳмам, ки онҳо ҳатто фикри аз Тоҷикистон рафтанро ҳам надоранд ва дар ҳар шароите ки бошад, мехоҳанд, ки ин ҷо бимонанд, зеро ба гуфтаи худашон дар ватанашон беҳуқуқтарин мардуманд, дар ин ҷо бошад, комилан озоданд ва ҳар коре хоҳанд мекунанд.

Онҳо Тоҷикистонро "ҷаннат" ва духтарони тоҷикро "ҳурони ҷаннатӣ" меҳисобанд ва ҳар яки онҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ 1 ё 2 "фурӯшанда" гирифтаанд ва зуд-зуд онҳоро иваз мекунанд (ва аз касе пӯшида нест, ки аз ин духтарҳои ҷавон чӣ гуна истифода мешавад).

Ин боз як нанг бар тоҷик аст. Агар боваратон наёяд худатон биёеду мушоҳида кунед. Баъд аз кушода шудани ин бозорҳо аксарияти тоҷирони маҳаллӣ дар Хуҷанду Истаравшан муфлис шудаанд.

Беҳтар аст ки мӯҳтарам ҳукуматдорони мо бештар дар сари манфиати мардуми худамон фикр кунанд ва тоҷирони хориҷиро аз бозорҳои мо берун кунанд, то ки имкони бештари бо тиҷорат машғул шудани мардуми худамон муҳайё гардад.

Хориҷиҳо бошанд, ба корҳое бояд машғул шаванд, ки худамон аз ӯҳдаи он намебароем, масалан истеҳсолот ва сохтани роҳҳову пулҳо ва маблағгузорӣ. Аз ӯҳдаи ворид кардану фурӯхтани бор аз хориҷа худамон хеле хуб мебароем.

Маълум аст ки дар ҳар ҷомеае, ки ашхоси сарватманд бисёр бошанд, он ҷомеа бештар рушд мекунад, зеро ба пуле, ки сарватмандони маҳаллӣ ба даст меоваранд, аввалан некӯаҳволии аҳлу аёлашонро таъмин мекунанд, фарзандонашонро мехононанд, баъдан корхонахои хурд месозанд, барои ҳамсояҳо ва худашон лӯлаҳои обу газ мегузаронанд, ба мактабхо кӯмак мекунанд.

Барои мисол бисёре аз заминҳои бекорхобидаро дар Истаравшан маҳз ҳамин бозорнишинон ҳамвору обшор карданд, магар метвонад деҳқони бепул ин корро кунад?

Ин, бешубха, беҳтар аз он аст ки аҷнабиён ин ҷо биёянду бозорҳоямонро ишғол кунанд ва сарвати моро ҷамъ карда бо худ баранд.

Хулоса, омадани тоҷирони хориҷӣ дар бозорҳои мо фақат натиҷаҳои манфӣ дорад, ки чунинанд:
1. Муфлис шудани тоҷирони маҳаллӣ ва афзоиши бекорӣ.
2. Боз ҳам бештар шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар.
3. Зиёд шудани сафи камбизоатҳо.
4. Пайдо шудани насли дурагаи хитоиву тоҷик (оё ба назари шумо ин хуб аст?)

Мумкин аст, бархе эрод гиранд, ки чиноиҳо ба хотири рақобат ва аз бозор берун кардани тоҷирони маҳаллӣ ва ё ҳар мақсади дитгаре ҳам бошаяд, борро арзон мефурӯшанд ва ин ба манфиати аҳолии камбизоати мост. Аммо набояд фаромӯш кард, ки арзонфурӯшии онҳо муваққатист ва агар ба тоҷирони маҳаллӣ имконияти бештар дода шавад ва тиҷорати онҳо рушд кунад, батадрич нархҳо ҳам поён мераванд.

Бо эҳтиром, Илҳом
аз ш. Истаравшан
XS
SM
MD
LG