Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сериалҳои узбакистонӣ бо сабки мексикоӣ


Шабакаҳои телевизиони давлатии Узбакистон тасмим гирифтаанд, ки беҳтарин вақти пахши барномаҳоро барои намоиши сериалҳои ватанӣ тахсис диҳанд.

Ба ақидаи муаллифони ин лоиҳа, сериалҳои узбакӣ дар муқоиса бо сериалҳои хориҷӣ ба рӯзгору фарҳанги мардуми ин кишвар мутобиқ ҳастанд. Феълан сериалҳои пурэҳсос ва то ҳадде афсонавии Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва Мексика маҳбуби бинандагони Узбакистон ҳастанд, вале студияҳои ин кишвар умед доранд, ки ба зудӣ вазъро ба нафъи худ тағйир медиҳанд.

Ду канали асосии телевизиони давлатии Узбакистон, ки яке Узбакистон ва дигаре Ёшлар ном доранд, шаш сериали узбакистониро барои пахш омода кардаанд. Студияи давлатии «Узбектелефилм» мегӯяд, ҳадаф аз таҳияи ин сериалҳо тарғиби фарҳанги узбакӣ мебошад, вале мухолифин мегӯянд, ҳадафи аслии ин сериалҳои дур кардани афкори мардум аз сиёсат ва мушкилиҳои ҳамарӯза ба монанди бекориву камбизоатӣ аст.

Дар Узбакистон таҳияи сериал дар се мавзӯъ имконпазир аст: мавзӯъҳое, ки вуҷуд надоранд, ҳаёти берун аз кайҳон ва тахайюл. Арзёбии мавзӯъҳои дигар мумкин нест ...
Шабакаҳои телевизиони Узбакистон намоиши сериалҳо таҳти унвони «Чорроҳаҳои ҳаёт», «Даллоли бидуни издивоҷ», «Забони занон», «Орзуи қаҳрамонӣ» ва ғайраро омодаи пахш кардаанд, ки ҳар яке аз 25 то 30 серия дорад.

Мансабдорони узбак мегӯянд, аз миёнаҳои солҳои навадуми қарни гузашта сериалҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи бинандагони узбакро ҷалб карда буданд ва ҳоло вақте фаро расидааст, ки ҷои онро филҳои истеҳсоли Узбакистон ишғол намоянд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Фирӯза Тӯрахоҷаева, коргардони «Узбектелефилм», гуфт, "мо мехоҳем сериалҳое истеҳсол намоем, ки фарҳангу анъанаҳо ва ҳуввияти узбакии моро инъикос кунанд. То ба кай мо дар бораи арзишҳои Кореяву туркия филм тамошо кунем? Мо бояд фарҳанги худро тарғиб кунем. Масалан, сериали нави мо «Даллоли бидуни издивоҷ» ба анъанаҳои арӯсӣ, оиладорӣ ва ҳусни ҳамҷавориамон бахшида шудааст".

Вале баъзеҳо мегӯянд, сериалҳои «Узбектелефилм» саъй доранд, ҳаётро рангорангу осуда намоиш дода, мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодиро нодида бигиранд.

Олим Отахон, адиби маъруф ва собиқ коргардони узбак, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки сериалҳои нав пешгӯишаванда ҳастанд, зеро сензура ба озодии баён имкони зиёд нахоҳад дод. Отахон меафзояд, "дар Узбакистон таҳияи сериал дар се мавзӯъ имконпазир аст: мавзӯъҳое, ки вуҷуд надоранд, ҳаёти берун аз кайҳон ва тахайюл. Арзёбии мавзӯъҳои дигар мумкин нест".

Вале Шароф Убайдуллоев, рӯзноманигори собиқадори узбак, ки дар Тошканд ба сар мебарад, бар ин назар аст, ки ташаббуси «Узбектелефилм» қобили дастгирист, зеро баъди тамошои сериалҳои узбакӣ мардум аз анъанаҳову ҳаёташон эҳсоси мусбат хоҳанд дошт.

Дар айни замон Убайдуллоев таъкид мекунад, ки ин сериалҳо бояд рӯи ҳаёти ҳамарӯзаву мушкилиҳои он аз қабили бекорӣ, фасод ва ба вижа ҳаёти душвори муҳоҷирони кории узбак, ки бо умеди таъмини рӯзгорашон ба хориҷ сафар кардаанд, тамаркуз намоянд. Убайдуллоев хулоса мекунад, ки дар ҳоли баръакс ҳаёти ин филмҳо тӯлонӣ нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG