Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони “Любовник ва любовнитса”


Шаҳри Маскав, ноҳияи Жуковский, бӯстонсаройҳои канори шахр. Шокир, Маҳмуд ва Ҳусниддин ном се мардикори ҷавони тоҷик бори аввал аст, ки ба Русия кор омаданд.

Ҳар сеяшон аз нозукиҳои бинокорӣ тамоман тассавуроте надоштанд. Хатто лой тайёр карда наметавонистанд. Муддати тулонӣ бекор буданд. Кор пайдо мешуд, вале аз сабабе, ки аз ӯхдаи иҷрои он кор намебаромаданд, онро рад мекарданд.

Онҳо дар интизори корҳои оддӣ, ки мутахассис буданро талаб намекунад, ба монанди ҳаммолӣ ва хандақковӣ буданд. Аммо аз сабаби бепул монданашон байни ҳам кавл доданд, ки аз худ устохои олидараҷа тарошида, ҳама гуна корро бар дӯш мегиранд.

Рӯзе дар кӯча як марди урус бо номи Eвгений Иванович, тахминан 40 сола, ки бо мошин мегузашт, бозистода, пурсон шуд, ки оё дари хона насб карда метавонанд.

Бачаҳо ҳарчанд дар умрашон дареро насб накардаанд ва ҳатто надидаанд, бо як овоз воҳима карда, ба Евгений боварӣ бахшиданд, ки устоҳои олидараҷаи чӯбкоранд ва дару тирезаро бо чашмони пӯшида мезананд. Евгений нишонаи бӯстонсарояшро ба онҳо дода, таъин намуд, ки пагоҳӣ субҳ ҳозир шаванд.

Рӯзи дигар мардикорон ба назди Евгений омаданд. Соҳибхона ба онҳо асбобҳои корӣ дода, дарҳои навхаридаашро нишон дод ва фаҳмонд, ки кадомаш ба куҷо насб карда шаванд…

Соҳибхона корро фаҳмонда, сипас ба мошинаш нишасту азми рафтан кард.

Шокир дарҳол пай бурд, ки дарҳо қисм-қисм ва бе ошиқ-маъшуканд (бо русӣ петля). Зуд Ҳусниро фиристод, ки давон соҳибхонаро дарёб намуда, аз ӯ куҷо будани ошиқ-маъшуқҳои дарро пурсад.

Ҳуснӣ саросемавор давида, ба Евгений ишора намуд, ки бозистад. Евгений истод ва интизори Ҳуснӣ шуд. Аммо Ҳуснӣ каме давида, зуд дар ҷояш истод ва давон сӯи Шокир баргашта, аз у пурсон шуд, ки ошиқ-маъшуқро бо русӣ чӣ гӯяд.

Ҳар сеяшон ба ҳам нигоҳ карда, ҳайрон монданд, ки тарҷимааш чӣ мешуда бошад. Фурсати фикр ё ҷустуҷӯ аз луғатномаи тоҷикӣ-русии хотира надоштанд, чунки Евгений интизор буд. Сипас Маҳмуд гуфт, ки ошиқ-маъшуқи дарро шояд метавон «любовник и любовнитса от дверей» ном бурд.

Ҳуснӣ ба ин тарҷима хандааш омад ва ҳарчанд ба он шубҳа мебурд ҳам, лек ноилоҷ давон назди Евгений омад ва бо табассум аз ӯ «любовник и любовнитса»- ро пурсон шуд.

Евгений, албатта, аз суханҳои Ҳуснӣ чизе намефаҳмид. Харчанд бо ишорахо низ кӯшиш намуд, аммо он ишораҳоро шояд Евгений дигар хел фахмид ва дари мошинашро кушода аз он фаромад.

Евгений сарашро хам намуда гӯшашро ба тарафи Ҳуснӣ наздиктар бурд ва хоҳиш намуд, гапашро такрор кунад. Дар ин ҳол чашми Ҳуснӣ ба ошиқ-маъшуқҳои дари мошин афтод ва дарҳол хам шуда, ба онҳо ишора намуд, ки ана ҳамин хел оҳанчаҳо барои дарҳо лозиманд.
Хушбахтона, Евгений мақсади Ҳусниро фаҳмид ва ба ӯ гуфт, ки номи ин оҳанчаҳо бо русӣ «петля» аст ва ҷои онҳоро нишон дод.

Илҳоми Иброҳим
Блоги "Мардикорнома"
XS
SM
MD
LG