Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 медали варзишгарони тоҷик дар Итолиё


Акмал Қодиров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии армспорти ҷаҳон дар Итолиё ду медал ба даст овард.

Нодирхон Дареғӣ, раиси Иттиҳодияи армспорти Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонии дастхобонӣ, ки дар пойтахти Итолиё – шаҳри Рим бо ширкати варзишгарони 45 кишвар баргузор шуд, 7 нафар шомил буданд.

Акмал Қодиров дар сабқати варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг байни мардон бо дасти чап ҷои дуввум ва бо дасти рост ҷои севумро касб карда, соҳиби як медали нуқра ва як медали биринҷӣ шуд. Дар ин вазн варзишгарони Туркия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фарҳод Комилов дар сабқати наврасон дар вазни 50 кг ҳам бо дасти чап ва ҳам бо дасти рост дар ҷойҳои панҷум қарор гирифт.

Боз як намояндаи Тоҷикистон - Хайрулло Абдураҳимов - натиҷаи нисбатан хубтар нишон дод. Вай дар сабқати варзишгарони маълул дар вазни 75 кг бо дасти рост дар байни ҳашт нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуд.
XS
SM
MD
LG