Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи бозиҳои даври аввали Лигаи қаҳрамонони УЕФА


Бозиҳои даври аввали Лигаи қаҳрамонони УЕФА дар чаҳор гурӯҳ баргузор шуданд.

Аз 8 бозӣ мизбонон дар дутоаш пирӯзӣ ба даст оварданд. «Волфсбург»-и Олмон дар майдони худ ССКА-и Русияро бо ҳисоби 3:1, «Челси»-и Инглистон «Порту»-и Португолро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Дар 4 бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. «Реал»-и Испониё бар «Сюрих»-и Швейтсария бо ҳисоби 5:2, «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон бар «Бешиктош»-и Туркия бо ҳисоби 1:0, «Милан»-и Итолиё бар «Марсел»-и Фаронса бо ҳисоби 2:1 ва «Бавария»-и Олмон бар «Маккабӣ»-и Исроил бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуданд.

Ду бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфтанд. «Ювентус»-и Итолиё бозиро дар майдони худ бо «Бордо»-и Фаронса бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Бозии дастаи мизбон – «Атлетико»-и Испаниё бо АПОЭЛ-и Кипр бидуни гол ба поён расид.

Бозиҳои даври аввали Лигаи қаҳрамонони УЕФА дар 4 гурӯҳи дигар шоми 16-уми сентябр баргузор мешаванд. Аз ҷумла бозии гурӯҳи «F» байни «Динамо-и Укроин ва «Рубин»-и Русия дар шаҳри Киев барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG