Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи хабарҳо муовини сардори бахши Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани ришва боздошт шудааст.

Намояндаи Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар Хуҷанд гуфт, муовини сардори бахши Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд -- Маҷид Иброҳимов зимни гирифтани пора аз як шаҳрванд мавриди боздошт қарор гирифтааст.

Дар рӯзи чоршанбеи 16 – уми сентябр аз қисми навбатдории ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки номбурда ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 500 доллар аз як сокини Хуҷанд ба ваъдаи он ки «кори ӯро иҷро хоҳад кард», дастгир карда шуд.

Вале масъулини Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод аз баёни ҷузъиёти бештар дар ин бора ба далели ҳифзи сирри тафтишотӣ худдорӣ варзиданд .

Оҷонси мазкур нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи банди 319 – и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон – «гирифтани пора» парванда боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад. Бори аввал аст, ки дар тӯли фаъолияти ниҳоди мазкур як корманди аршади он бо чунин иттиҳом боздошт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG