Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи нави кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Дафтари марказии Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон

Бонки Ҷаҳонӣ аз таҳияи Стратегияи нави кумак ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 то 2012 ба манзури коҳиши сатҳи камбизоатӣ хабар додааст.

Самтҳои асосии кумаки Бонки ҷаҳонӣ аз тариқи ин Барнома имрӯз, 15-уми сентябр, дар нишасти намояндагони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ бо масъулони созмонҳои иҷтимоӣ ва ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Интизор меравад, Стратегияи нави Бонки Ҷаҳонӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ тасвиб гардад.

Киара Бронкӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳадафи аслӣ аз таҳияи ин Барномаро коҳиши таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон унвон кард. Ба гуфтаи хонум Бронкӣ, тибқи таҳлили коршиносон, бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муддати 13 моҳи оянда идома хоҳад дошт, ки метавонад паёмадҳои номатлуберо барои Тоҷикистон низ дар пай дошта бошад.

Интизор меравад, Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои ин барнома маблағи ҳудуди 70 миллион доллар харҷ кунад, ба эътиқоди масъулони ин ниҳод, ин амр имкон хоҳад дод, то Тоҷикистон дар заминаи коҳиши фақр ба дастовардҳои назаррасе ноил гардад ...
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди хонум Бронкӣ, Тоҷикистон ҳамчунон ба унвони кишвари фақир дар миёни кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст. Ба ин далел он гуна, ки Бобоҷон Ятимов, як масъули дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе, гуфт, барномаи нави сесолаи бонк ба манзури коҳиши додани сатҳи камбизоатӣ ва аз ин тариқ тақвияти рушди уствори иқтисодӣ дар Тоҷикистон таҳия мешавад.

Вай афзуд, «мақсади асосии стратегия, ки аз ҳамкории давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ бар меояд, дар муддати се соли оянда камбизоатиро дар ин кишвар коҳиш дода ва сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми Тоҷикистонро баланд бардоштан аст».

Ба ин тартиб тавсеаи бахшҳои энержӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти арсаи бонкдорӣ ва пуштибонии фаъолияти соҳибкорӣ аз самтҳое аст, ки дар стратегияи нави Бонки ҷаҳонӣ барои се соли оянда дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин интизор меравад, Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои ин барнома маблағи ҳудуди 70 миллион доллари амрикоӣ харҷ кунад, ки ба эътиқоди масъулони ин ниҳоди молии байналмилалӣ ин амр имкон хоҳад дод, то Тоҷикистон дар заминаи коҳиши фақр ба дастовардҳои назаррасе ноил гардад. Зеро тибқи гузориши ин бонк, мизони фақр дар Тоҷикистон дар муддати панҷ соли ахир аз 64 дарсад ба 41 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Курбоналӣ Партоев, раҳбари созмони ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт», саҳми Бонки ҷаҳониро дар коҳиши ҷашмгири сатҳи фақр ва камбизоатӣ муҳим медонад. Вай гуфт, «бе кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба нишондиҳандаҳои дилхоҳ дар заминаи фақру камбизоатӣ дар Тоҷикистон расидан мушки ласт. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки маҳз иҷрои тарҳҳои мухталифи ичтимоӣ ва иктисодӣ дар мантақаҳои гуногуни кишвар аз сӯи ин бонк омили беҳбуди зиндагиии мардум шудааст».

Маҳз кумаки муҳоҷирони кории тоҷик ва алалхусус интиқоли маблағҳои онҳо ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон сабаби коҳиши камбизоатӣ дар ин кишвар шудааст ...
Аммо Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, дар ин бора назари мухолиф дорад. Вай гуфт, «маҳз кумаки муҳоҷирони кории тоҷик ва алалхусус интиқоли маблағҳои онҳо ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон сабаби коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ин кишвар шудааст. Созмонҳои байнулмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, бо иҷрои барномаҳои мухталиф ҳеҷ кори муассире барои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони кишвар нахоҳад дошт».

Вай мегӯяд, бар асоси гузоришҳои расмӣ, танҳо дар соли гузаштаи милодӣ ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон беш аз 2 ,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз бахши даромади буҷаи ин кишвар бештар аст.

Аммо теъдоди расмии муҳоҷирони кори тоҷик дар хориҷи Тоҷикистон, ба хусус Русия беш аз 800 ҳазор нафар гуфта мешавад. Ҳамакнун масъулони дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе мегӯянд, дар чорчуби стратегияи нав ба манзури ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ, иҷрои тарҳҳои марбут ба иҷоди ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар дохили кишвар дар назар гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд танҳо дар соли ҷорӣ дар каламрави кишвар 85 ҳазор ҷойи кории нав таъсис шудааст, аммо бештари сокинон, ба хусус муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ба иллати поин будани маош дар ин муассисаҳо фаъолият намекунанд.




Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG