Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров - дар финали мусобиқаи ҷаҳонӣ


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, ба мусобиқаи ниҳоии ҷаҳонии варзишҳои майдонӣ роҳ ёфт.

Ин мусобиқа рӯзҳои 12-ум ва 13-уми сентябр дар шаҳри Салоникии Юнон баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои 25 мусобиқоти ҷаҳонӣ ва 29 мусобиқоти минтақавӣ ҳафт нафар беҳтаринҳо аз рӯи рейтинг ё феҳристи Федеросиюни байнулмилалии варзишҳои майдонӣ рост ба финал баромаданд, ки байни онҳо Дилшод Назаров севум аст.

Рақибони аслии Дилшод Назаров дар сабқати ниҳоӣ Крижтиан Парс, аз Маҷористон, Примош Козмуш (Словения), Алексей Загорний (Русия), Игор Соколов (Латвия), Алӣ Муҳаммад Ал-Зинкавӣ (Кувайт) ва Шимон Сиолковский (Лаҳистон) мебошанд.
XS
SM
MD
LG