Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010


Бозии Хорватия ва Беларус
Бозии Хорватия ва Беларус

Бозиҳои сабқати интихобии минтақавии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 баргузор шуданд.

Дастаҳои мизбон - Бразилия бар Чили бо ҳисоби 4:2, Олмон бар Озарбойҷон бо ҳисоби 4:0, Парагвай бар Аргентина бо ҳисоби 1:0, Исроил бар Люксембург бо ҳисоби 7:0, Словения бар Лаҳистон бо ҳисоби 3:0, Венесуэла бар Перу бо ҳисоби 3:1 ва Арманистон бар Белгия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Дар се бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. Русия дар сафар бар Уэлс бо ҳисоби 3:1, Словакия бар Ирландияи Шимолӣ бо ҳисоби 2:0 ва Португол бар Маҷористон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуданд.

Бозиҳои Молдова ва Юнон, Албания ва Дания, Лихтенштейн ва Финландия, Босния-Ҳерзеговина ва Туркия бо ҳисоби якхелаи 1:1, Латвия ва Швейтсария бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расиданд.

Инчунин бозии ҷавобии плей-офф байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Бозии аввал бидуни гол ба анҷом расида буд. Бинобар ин ду голи дар меҳмонӣ задаи Баҳрайн дастаро ба даври баъдӣ баровард. Ҳамин тариқ мунтахаби Баҳрайн барои ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон бо ғолиби минтақаи Уқёнус – дастаи миллии Зеландияи Нав рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG