Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи ҷавонон ба ҷашни Истиқлол


Ҷавонони суғдӣ солгарди ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистонро ба гунаҳои мухталиф таҷлил мекунанд.

Аз ҷониби баъзеҳо он ҳамчун як иди муҳими миллӣ арзёбӣ мешавад ва иддае дигар онро ҳамчун иди давлатӣ, яъне рӯзи истироҳат медонанд, ки мешавад корҳои хусусиро дар ин рӯз анҷом дод. Баъзе дигарҳо бо истифода аз фурсат ба сайру гашту дидорбинии азизон мераванд.

Шералии 20-соларо мешавад ба гурӯҳи аввали ин ҷавонон шомил кард. Вай мегӯяд, дар чунин рӯз ҳарчи бештар дар бораи мақоми давлати мустақили Тоҷикистон дар арсаи минтақавию ҷаҳонӣ дар ин 18 соли касби истиқлолияташ фикр мекунад.

Шералӣ мегӯяд, «ҷашни истиқлолияти давлатӣ яке аз идҳое мебошад, ки соҳибдавлат будани Тоҷикистонро бори дигар ба тамоми ҷаҳониён намоиш медиҳад».

Ба назари Шералӣ, бартарии ҷавонҳои насли баъди истиқлол дар он аст, ки онҳо метавонанд дар заминаи ибрози андеша дар робита бо мушкилоти мухталиф ва ё изҳори мавқеи худ дар масоили гуногун озодтаранду аз номувофиқ будани назари худ бо андешаҳои дигарон намеҳаросанд.

Аммо Ҷамшед Маъруфов, як ҷавони дигар, гуфт, ки ин озодиро ҳамоно нисбӣ арзёбӣ мекунад ва аслан муҳити фаъолияти ҷавонон ҳамоно комилан ва ҳамаҷониба озод нест. Вай афзуд, ки дар ин ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон бояд ба масъалаи сахти иқтисодии ҷомеа ва ҷавонон ва имкониятҳои маҳдуди онҳо барои пайдо кардани шуғлу кор таъкид кард.

Аксар ҳамсолони соҳибназари мо дар Суғд мегӯянд, масъалаҳои мушкилоти таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо пеш аз ҳама аз лиҳози иқтисодӣ, маҷбур барои кор ба Русия муҳоҷират кардани бисёри онҳо, набуди шароити фаъолиятҳои озоди сиёсиву иҷтимоӣ аз мушкилоти хоси даврони истиқлоли Тоҷикистон аст.

Вале аз ҷониби дигар, аксар ҳамсолонамон дар сӯҳбат мегӯянд, ки ҳоло имкони таҳсили онҳо дар хориҷа бо кӯмаки созмонҳои байнулмилалӣ, омӯзиши забонҳои хориҷиву компютеру интернет бештар буда, назар ба ҷавонҳои шӯравӣ ҳоло мустақилияти инфиродии онҳо дар зеҳнашон бештар ҷо шудааст.

Мирзоолими Мирраҳим, муаррихи ҷавон, мегӯяд, бо вуҷуди чунин як рӯҳияи маъмуливу начандон пуршукӯҳ доштани ин ҷашн дар соли ҷорӣ ҷавонҳо бояд дар бораи арзиши таърихии истиқлолияти давлати Тоҷикистон фаромӯш накунанд.

Вай мегӯяд, ҳамон бедории сиёсиву огоҳии миллии гурӯҳи зиёиёни тоҷик ва талошҳои сахти онҳо буд, ки Тоҷикистон 18 соли пеш тавонист ба унвони як давлати мустақил аз худ дарак диҳад.

Мирзоолим афзуд, ки яке аз дастовардҳои муҳими он давраи равшанфикрони тоҷик дар мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ буд ва баъди он чопи нашрияҳои озодандешу мустақил, ба миён омадани фазои бисёрҷабҳаи сиёсӣ дар нахустин солҳои баъди истиқлолият ва пеш аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ аз давраи ширинтарини таърихи навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Ва ҳоло, мегӯяд вай, ба хотири барнагаштани мухолифатҳои сиёсиву танишҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа пеш аз ҳама бояд дар бораи нерӯи бекори Тоҷикистон андешид, ки аз ночорӣ худро ба Русия задаанд ва аксари онҳо ҷавонон ҳастанд.

Аксари ҷавонони ҳамсӯҳбатамон дар ин рӯзи ид мегуфтанд, ки маҳз бекориву набуди умеде барои таъмини зиндагӣ баъди мактабу донишгоҳ аз нигарониҳои аслии онҳо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG