Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари варзишгарони тоҷик ба Итолиё


Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии армспорти ҷаҳон 8-уми сентябр озими Итолиё шуданд.

Нодирхон Дареғӣ, раиси Иттиҳодияи армспорти Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Чемпионати 31-уми ҷаҳон дар пойтахти Итолиё – шаҳри Рим то 14-уми сентябр идома хоҳад кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгароне шомиланд, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии армрестлинг ё дастхобонии кишвар интихоб шудаанд. Байни онҳо Тоҳир Тоҳиров (75 кг), Фарҳод Комилов (50 кг), Хайруллоҳ Абдураҳимов (то 75 кг), Мансур Маҳмудов (55 кг), Нигора Гулматова (70 кг) ва дигарон ҳастанд. Вале, мутаассифона, ба иллати камбуди маблағ на ҳамаи варзишгарони маъруфи кишвар имкон пайдо карданд, ки ба Итолиё сафар намоянд. Ва аммо умедворам, ки варзишгарони мо дар сабқати ҷаҳонӣ ба натоиҷи хуб даст меёбанд ва бо медалҳо бармегарданд».

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG