Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар Итолиё


Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик
Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Милани Итолиё дар даври муқаддамотӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 3-юми сентябр - Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг бар муштзани Словения Борут Слапник аз рӯи холҳо бо ҳисоби 12:0 ғалаба карда, ба даври дуввум роҳ ёфт.

Муштзани дигари тоҷик Ҷаҳонгир Убайдуллоев низ дар вазни то 69 кг дар даври баъдӣ ширкат хоҳад кард, зеро рақибаш Бруно Бонконго (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ) аз қувваозмоӣ даст кашид.

Ёдовар мешавем, муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки дар вазни то 54 кг бар Ҷитендер Кумар, аз Ҳиндустон, ғолиб шуд, дар даври дуввум 5-уми сентябр бо Чатчай Бутди (Тайланд) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Рӯзи чаҳоруми мусобиқа – 4-уми сентябр - Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 64 кг бо муштзани Того Тонде Сароуна қувва меозмояд.

Қаҳрамонҳои ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG