Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши китобҳои узбакӣ дар «Фирдавсӣ»


Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон намоишгоҳи китоб дар Душанберо, ки ба муносибати 18-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурии Узбакистон ташкил карда буд, нишонаи равобити нек миёни ду кишвар хонд.

Пас аз мустақил гардидани Узбакистон ин нахустин намоишгоҳи васеъи китоб бо шумули ашъори шориони дузабонии узбаку тоҷик дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Шоислом Шоқосимов, сафири Узбакистон дар маросими гушоиши ин намоиш дар бораи равобити ду кишвар гуфт:
«Ташкили ин намоиш нишонаи равобити хуби имрӯзаи мо бо Тоҷикистон аст. Ҳамкории Узбакистон бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо идома дорад. Ҳеҷ мушкилоте дар равобити ду кишвар вуҷуд надорад, аммо баъзе масъалаҳое буруз мекунад, ки одатан дар гуфтугуҳо метавонад ҳал шавад. Чунин мушкилот дар оила миёни бародарон ҳамеша вуҷуд дорад ва ман фикр намекунам, ки мо бояд ба ин масъалаҳо аҳаммияти ҷиддӣ бидиҳем.»

Раиси дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, зимни баёни ташаккур ба
иқдоми сафорати Узбакистон ҷиҳати ташкили намоишномаи китоб таъкид кард, ки намешавад дар ҳоли ҳозир муносиботи ду кишварро ҳамаҷониба нек арзёбӣ кард. Вай гуфт, мушкилот дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон вуҷуд дорад, вале Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот хушбин аст. «Масъалаи сарҳад, ки мерос аз таърих мондааст ва мо бояд ин корро то охир бубарем ва мо хоҳем, нахоҳем, дар атрофи ин мавзуъ гапҳо пайдо мешаванд. Масъалаи дигар, масъалаи раводид буд ва ҳаст. Давлати Тоҷикистон нисбати ҳалли ин мушкилот хушбин аст ва мо ҳамаи ин мушкилотро қадам ба қадам тавасути гуфтушунид ва мулоқотҳо ҳал хоҳем кард ва ҳамчунин ҳамкориҳоямонро бо Узбакистон идома медиҳем.»

Давлат Назрӣ афзуд, ташкили чунин намоишҳои фарҳангӣ равобити Тоҷикистонро бо Узбакистон боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Аслан, дар намоиши китобҳои Узбакистон китобҳои маҳфуз дар китобхонаи миллии «Фирдавси»-и пойтахт истифода шуд. Ин китобҳо бо забонҳои мухталифи дунё ҳастанд ва ба фарҳанг, таърих ва ҷуғрофиёи Узбакистон рабт доранд. Дар китобхонаи миллӣ 144 нусха дастнависи Алишер Навоӣ, асосгузори адабиёти классикии Узбакистон, шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ, нигоҳдорӣ мешавад, ки имрӯз ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин намоиш, боз китобҳои дигари нависандагон ва шоирони муосири Узбакистон ва маҷаллаҳои кишвари ҳамсоя ба намоиш гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG