Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ ва риояти ҳуқуқи бачаҳо


Бахшҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як ҳамоиш рӯзи ҷумъаи 21 – уми август мавзӯъи ҳимоят аз ҳуқуқи бачаҳо дар Тоҷикистонро баҳс карданд.

Иштирокдорони нишаст гуфтанд, ҳарчанд аз ҷониби давлати Тоҷикистон «Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак» - и СМ – ро дар соли 1993 ба тасвиб расидааст, дар иҷрои он пешрафтҳои чашмрасе дида намешавад.

Сари ҳар қадам бо нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасони тоҷик рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Як намунаи равшани он – аробакашӣ ва мошиншӯии кӯдакон дар соатҳои дарсхонӣ дар бозору канори роҳҳост. Манзараи аз субҳ то шом даруни пахтазор дидани кӯдакону наврасон ҳам барои Тоҷикистон бегона нест.

Дар ҳамоиши бахшҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳрумии қисми зиёди бачаҳои тоҷик аз зиндагии шоиста, барканор мондан аз таҳсилу омӯзиш, корҳои маҷбурӣ мавориди умдаи нақзи ҳуқуқи онҳо арзёбӣ гардид. Ба навбати худ ин ҳол афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар вилояти Суғдро дар пай доштааст.

Иштирокдорони ҳамоиши аҳзоби сиёсӣ дар Хуҷанд аз таҳсил барканор мондани кӯдакону наврасонро умдатарин мавриди нақзи ҳуқуқи онҳо арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар соли таҳсили нав сеяки хатмкардагони синфи 9, ҳудуди 15 ҳазор нафар паси мизҳои дарсӣ ҳозир нахоҳанд шуд, зеро онҳо расман тарки мактаб кардаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиши мазкур, 200 нафар кӯдаки суғдӣ дар соли таҳсили гузашта аз таҳсил дар синфи 1 тамоман барканор мондаанд.

Аюб Эгамов, намоянда аз бахши суғдии Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон мегӯяд, давлати ин кишвар дар Сарқонун ҳуқуқи кӯдакон ба зиндагии шоиста, аз ҷумла ҳаққи таҳсили бепулро кафолат медиҳад, вале он ба марҳалаи иҷро нарасидааст. Ба назари вай, ҳанӯз давлати Тоҷикистон барномаҳои фарогири ҳимоят аз ҳуқуқи бачаҳо ба таҳсилу омузиш, табобат, кор ва истироҳат, хулоса – таъмини як зиндагии сазовор барои насли наврасро рӯи даст надорад.

Бо вуҷуди манъкуниҳои батакрори раисҷумҳур ҳанӯз ҳам мақомоти маҳалҳои вилояти Суғд аз нерӯи кории бачаҳо тақрибан ройгон дар ҷамъоварии пахта истифода мекунанд.

Аъзам Холмирзоев, мудири котиботи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Суғд, масъулияти помол шудани ҳуқуқи кӯдакону наврасонро на бар дӯши давлат ва мактаб, балки умдатан бар дӯши волидайн мегузорад. Ӯ бар он аст, ки ислоҳи вазъ бояд аз оила оғоз бигирад. Ӯ мегӯяд, баъзе падару модароне ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд ризқи худро ба дастони фарзандони худ ёбанд, ба манфиати шахсӣ на фақат фарзандони худ, балки касони дигарро ҳам кор мефармоянд.

Ӯ мегӯяд, онҳо фарзандони худро аз дарсхонӣ бозмедоранд, ки зиндагиашон вазнин асту фарзандонашон бояд пул кор кунанд. Вай афзуд, ки мақомот бо дастгирии Бунёди кӯдаки СМ – Юнисеф ба 12 маҳфили бачагонаи вилояти Суғд 40 адад компутер тақсим кард .

Аҳмадҷони Хистеварзӣ, намоянда аз бахши суғдии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, таъмини ҳуқуқи бачаҳоро кори дастҷамъии тамоми аҳли ҷомеа меҳисобад ва шинохти ҳуқуқи кӯдакро – муқаддимаи ин амр. Ба назари оқои Хистеварзӣ, вале на ҳама сокинони калонсоли Тоҷикистон аз чӣ будани ҳуқуқҳои кӯдак хуб огоҳанд, чи расад ба риояти он.

Раҳимҷон Абдувалиев, сардори хадамоти ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ва ҷавонон дар идораи корҳои дохилии Суғд, гуфт, 80 дар сади мавориди нақзи ҳуқуқи кӯдакон ва ба роҳи ҷиноят рафтани кӯдакону наврасон бар дӯши ноболиғони таркимактабкарда аз хонаводаҳои носолим, масалан падар ё модарашон майхора ё нашъаманд, рост меояд.

Масъули идораи умури дохилаи Суғд, шароити бади иқтисодӣ дар хонаводаро замина ва омили аслии наҳқи ҳуқуқи ноболиғон номид. Вай афзуд, ки шароити вазнини иқтисодии хонаводагӣ бачаҳои бесаробон ё аз хонаводаҳои нодорро маҷбур мекунад бо аробакашӣ нон ёбанд.

Илҳом Ёқубов, аз масъулини созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хуҷанд, таваҷҷуҳи ҳозирини ҳамоишро ба риоят нашудани нақзи ҳуқуқи кӯдакону навҷавонони тоҷик дар дастрасӣ ба таълимоти динӣ, ки дар намуди манъи таълими кӯдакон дар масоҷид ва садгузорӣ барои бо рӯсарии исломӣ мактаб рафтани духтарон зоҳир мешавад, ҷалб кард ва гуфт, ин кор ояндаи матлубе дар пай нахоҳад дошт.

Вай афзуд, эҳтиром ва риояти қонун, фаҳмонидани он ба навҷавонону ҷавонон ва дар паҳлӯи он – ҷорӣ намудани таълимоти исломӣ, бо роҳҳои иҷозат ба масҷидҳо барои таълими исломии кӯдакону навҷавонон ва ҷалби намояндагони дин ба ҳайси муаллим ба дарсҳои маърифати динӣ, ки аз соли таҳсили нав дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон шурӯъ мешавад, дар мубориза бо паёмадҳои номатлуби наҳқи ҳуқуқи бачаҳо дар дастрасӣ ба таълимоти исломӣ ва тарбияти наврасону ҷавонон нақши рушане хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG