Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии гурзандози Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ


Галина Митяева, варзишгари Тоҷикистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Берлин дар сабқати интихобии гурзандозӣ ноком шуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Ғайрат Неъматов, мураббии варзишҳои майдонӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Галина Митяева гурзро ба масофаи 56 метру 31 сантиметр ҳаво дода, байни 40 нафар дар ҷои пешазохирин қарор гирифт. Ин натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба рекорди шахсиаш 7 метр камтар аст. Галина, ки ҳамагӣ 18 сол дорад, ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, таҷрибаи бои мусобиқоти байналмилалӣ касб кардааст. Вай порсол дар Олимиадаи Пекин ширкат варзида буд. Вале боиси нигаронист, ки шогирди Дилшод Назаров дар сабқати ҷаҳонӣ натиҷаи паст нишон дод».

12 нафар беҳтаринҳо, ки байни онҳо Бетта Хейдлер, варзишгари Олмон, бо натиҷаи 75 метру 27 сантиметр дар ҷои аввал аст, ба финал баромаданд. Сабқати ниҳоии гурзандозӣ байни занон 22-юми август доир мешавад.

Пас аз ҷамъбасти 6 рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии варзишҳои майдонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Олмон то 23-юми август идома хоҳад кард, Ямайка бо касби 5 медали тилло, 2-нуқра ва 2-биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал аст. Воқеъан, дар ин мусобиқот варзишгари Ямайка Усейн Болт, қаҳрамони секаратаи Бозиҳои олимпӣ, дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 9,58 сония ва дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 19,19 сония ду рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 4 медали тилло, 4-нуқра ва 5-биринҷӣ гирифтааст, дар ҷои дуввум мебошад. Русия бо 2 медали тилло, 2-нуқра ва 5 биринҷӣ севум аст. Умуман то ҳоло варзишгарони 28 кишвар медалҳо ба даст овардаанд. Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ғайр аз Русия, инчунин, Эстония соҳиби 1 медали биринҷӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG