Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар Самарқанд


Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик
Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик

Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик, ғолиби мусобиқаи бози шоҳмот бахшида ба Рӯзи истиқлоли Узбакистон гардид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, байни ширкаткунандагон 4 нафарашон бузургустодон ё
гроссмейстерҳои байналмилалӣ буданд.

Устоди ФИДЕ Соҳиб Ҷӯраев дар 9 бозӣ 8 имтиёз ба даст овард. Вай дар 8 бозӣ ғалаба карда, танҳо аз шатранҷбози Узбакистон, гроссмейстер Марат Ҷумъаев, ки бо 7 имтиёз дуввум шуд, мағлуб гашт.

Соҳиб Ҷӯраеви 19-сола, ки қаҳрамони феълии шоҳмоти Тоҷикистон аст, ҳоло бо 2439 имтиёз пас аз гроссмейстер Фаррух Амонатов дар байни шатранҷбозони кишвар дар ҷои дуввум мебошад. Вай барои иҷрои меъёри гроссмейстери байналмилалӣ, ки 2500 имтиёз аст, талош меварзад. Бинобар ин Соҳиб Ҷӯраев пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи октябр дар Аргентина баргузор мешавад, дар якчанд мусобиқот дар Русия ва Укроин ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG