Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF: Поёни бӯҳрон, ояндаи номаълум


Оливер Бланше, иқтисоддони аршади IMF
Оливер Бланше, иқтисоддони аршади IMF

Сандуқи байнулмилалии пул мегӯяд, бурунрафт аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сар шуд, аммо ин як раванди сахту кунду сангин хоҳад буд.

Бӯҳрон ба поён расид, вале оянда норӯшан аст. Ҳамин гуна хушхабари ҳузноваре дод Сандуқи байнулмилалии пул (IMF). Ва тавсияҳоеро ба миён гузошт. Аз чораҳои фавқулода бояд камубеш даст кашид ва ба равандҳои дарозмуддат мутаваҷҷеҳ шуда, мувозанати воридоту содироти ҷаҳониро барқарор кард.

Оливер Бланше, иқтисодшиноси аршади IMF, ҳамчунин гуфт, бӯҳрон гузашта бошад ҳам, захми амиқе дар тани иқтисодиёти ҷаҳонӣ гузошт, ки боз солҳои зиёде ҳам ба талабот ва ҳам ба пешниҳод асар хоҳад дошт.

Дар як пажӯҳиши нави IMF, Бланше мушкилоти феълии иқтисодиро бесобиқа номид ва мегӯяд, намунаҳои маълуми бурунрафт аз бӯҳронҳои гузашта дар ин маврид фоидае нахоҳанд дошт.

Вай менависад, ду унсур дар бурунрафти пайваста ва суботкорона аз бӯҳрон нақши марказӣ доранд. Аввалан, иқтисодиёт бояд аз вобастагӣ ба ангезаҳои молиявии ҳукуматҳо ва бозшумори дороии ширкатҳои хусусӣ дур шавад. Чунин гирифторӣ ё ҳатто мӯътодӣ дер ё зуд бояд ба поён расад.

Дувум, тиҷорати байнулмилалӣ бояд тавозун пайдо кунанд. Иёлоти Муттаҳида бояд бештар ба содирот ва Осиё бештар ба воридот тамаркуз намоянд.

Чунин мувозанат метавонад, аз як сӯ касри азими буҷаи Иёлоти Муттаҳида ва аз сӯи дигар изофаи барзиёди Осиёро коҳиш диҳад. Аммо эҳёи тавозун дар тиҷорати байнулмилалӣ осон нахоҳад буд ва ба тағйири одатҳои истеъмолӣ бастагӣ хоҳад дошт.

Истеъмол дар Иёлоти Муттаҳида ҳоло 70 дарсади тавлидоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Аммо бохти азим дар нархи маскан ва бозори саҳмияҳо амрикоиёнро водор кардааст, ки харҷи худро камтар кунанд.

Барои пӯшондани ин холигоҳ Чин ва дигшар кишварҳои Осиё бояд хароҷотро афзоиш диҳанд. Саволи калидӣ ин аст, ки оё онҳо ба чунин роҳ қадам хоҳанд ниҳод.

Бланше, иқтисодшиноси аршади Сандуқи байнулмилалии пул, мегӯяд, маҷмӯи тавлиди нохолиси миллии кишварҳои дар ҳоли рушди Осиё дар якҷоягӣ ба нисфи чунин нишондиҳандаи Иёлоти Муттаҳида баробар шудааст ва то соли 2014 ба 70 дарсади тавлиди нохолиси миллии Амрико баробар хоҳад шуд.

Вай меафзояд, низоми молиявии кишварҳои пешрафта бемор аст ва мумкин аст, ба ин сабаб кишварҳои дар ҳоли рушд боз чанд соли дигар натавонанд, аз онҳо сармояеро, ки пеш аз бӯҳрон мегирифтанд, дастрас кунанд.

Бланше ояндаеро пешгӯӣ мекунад, ки тавлид дар он аз давраи моқабли бӯҳрон дида ба маротиб камтар хоҳад буд. Вай интизори инро надорад, ки рушди иқтисодиёт дар кӯтоҳмуддат битавонад, бекориро коҳиш диҳад. Ба гуфтаи вай, бекорӣ дар чанд соли оянда ба баландтарин нуқта хоҳад расид.

Иқтисодшиноси аршади IMF изҳори нигаронӣ кардааст, ки бурунрафти оҳиста ва сангин мумкин аст, сабаби фишори сиёсӣ ба Иёлоти Муттаҳида шавад, то барномаи давлатии ангезиши молиявӣ идома пайдо кунад.

Агар ба чунин фишор мухолифат шавад, он гоҳ харҷи таҳрикдиҳанда ба поён мерасад ва эҳёи иқтисодии Амрико мумкин мегардад.

Вале агар фишори сиёсӣ ба идомаи хароҷоти ангезанда сабаб гардад, касри азими буҷа боқӣ хоҳад монд. Ин ҳол шубҳаҳои тавонмандии Иёлоти Муттаҳидаро ба бозпардохти қарзҳояш ба миён хоҳад овард. Он гоҳ гурези бетартибонаи сармоя аз Амрико сар шуда, ба беқурбшавии дарҳаму барҳами доллар ва силсилаи рӯйдодҳое сабаб мегардад, ки ояндаи иқтисодиёти ҷаҳонро зери суол хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG