Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши шумори довталабони таҳсили олӣ


Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба коҳишёбии шумори довталабони таҳсил дар макотибии олии вилояти Суғд сабаб шудааст.

Абдувалӣ Рашидов, котиби масъул оид ба қабули аризаҳои довталабон дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд, мегӯяд, ҳарчанд теъдоди хатмкунандагони макотиби миёна дар Cуғд зиёданд аммо, шумори ками онҳо барои гирифтани маълумоти олӣ ба ин муассиса ҳуҷҷат супоридаанд.

Вай афзуд, «барои мисол, дар факултаи мамематика мувофиқи нақша 20 ҷой пешбинӣ шудааст, аммо ҳамагӣ 15 ариза аз номи довталабон ворид шудааст. Барои ихтисоси забони немисӣ фақат як нафар аризаи довталабӣ навиштааст».

Абдувалӣ Рашидов дар ҳоле, аз коҳишёбиии хоҳишмандон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд изҳори ташвиш мекунад, ки ахиран аз боздошти чанд омӯзгори коллеҷу донишгоҳҳо ба ҷурми фасодкорӣ ба ҳангоми қабули донишҷушавандаҳо хабар дода шуд.

Дар чунин ҳол қисмати умдаи ҷавонони суғдӣ сабаби коҳиши теъдоди донишҷушавандаҳоро боло рафтани, ба истилоҳ, «ставкаи қабулшавӣ» мешуморанд.

Қобил Исобоев, як ҷавони суғдӣ, ки барои донишҷӯй шудан омодагӣ мегирад, мегӯяд, аз он ки маблағи қабулшавӣ дар макотиби олӣ назар ба солҳои қаблӣ гарон шудааст, ин ҳол бештар онҳоеро нигарон кардааст, ки волидонашон дар муҳоҷирати корӣ мебошанд ва бо шиддат гирифтани таъсири бӯҳрони молӣ ва мушкили кору дарёфти маблағ азият мекашанд.

Баин ҳол Умар, як довталаби дигар, ки интизори натиҷаҳои имтиҳони қабулшавист, мегӯяд, шумори бештари ҳамсинфонаш, ки тасмим доштан бидуни ришват ба донишгоҳ дохил шаванд, аз имтиҳони қабул баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд.

Умар мегӯяд, «ҳамсинфони зиёди ман, ки дониши хуб доштанд ва мехостанд донишҷӯ шаванд, аммо намедонам ба кадом сабаб аз имтиҳони қабулшавӣ баҳои манфӣ гирифтаанд».

Холаи Муҳҳарам, як сокини нафақахӯр, ки орзӯи донишҷӯ шудани набераашро дорад, мегӯяд, талаб намудани маблағи ҳангуфт барои қабулшавӣ бештар шавқи набераашро барҳам задааст.

Вай гуфт, «қудратамон немерасад. Одатан мо рӯзиамонро аз ҳамин носу папирос ва кампоту сақичфурӯшӣ дар меёбем. Яке аз масъулини донишгоҳ гуфт, ки 1000 доллар диҳед, мо дохил мекунем. Мо ин миқдор маблағ надорем. Барои ҳамин ҳуҷҷатояшро насупоридем».

Ин ҳама дар ҳолест, қисмати бештари фарзандони хонаводаҳо, ки чун холаи Муҳаррам маблағи кофӣ надоранд, орзуи донишҷӯ шуданро аз дил берун кардаанд.
XS
SM
MD
LG