Ба иттилоъи Улмас Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, ки ба сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин омодагӣ гирифтаанд, аз ин ҷо 13-уми август озими Олмон шуданд.
Оқои Олимов афзуд, дар ин мусобиқот ширкати ҳудуди 2000 варзишгар аз 200 кишвар дар назар аст. Дар варзишгоҳ то 500 000 тамошобин тӯли 9 рӯз шоҳиди рақобатҳои зӯртарин варзишгарони ҷаҳон мешаванд. Намоишҳои телевизиониро аз ҷараёни сабқати ҷаҳонӣ қариб 6 миллиард бинанда дар беш аз 190 кишвар тамошо хоҳанд кард.