Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаи мактабӣ бо нархҳои бозор


Шаҳрдории Хуҷанд ярмаркаи фурӯши лавозимоти мактабӣ барои соли нави хонишро ташкил кардааст. Вале сокинони шаҳр аз нархҳои гарони он нигаронӣ мекунанд.

Зулфия Умарова, масъули ҳукумати шаҳри Хуҷанд, гуфт, ба ярмака дар баробари якчанд корхонаи саноатӣ ҳамчунин соҳибкорон ҷалб карда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, арзиши дафтару китоб ва дигар маводи таьлимӣ дар ин ярмарка поинтар аз арзиши маҳсулоти бозорӣ будааст.

Аммо аксари хонандагону волидонашон, ки аз ин ярмарка дидан кардаанд, мегӯянд, нархҳои маводҳои он аз нархҳои бозор гаронтар аст.

Мурод Мирзобоев, муҳассили яке аз мктабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд, дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, ки хеҷ тафовуте миёни ярмакаҳои қаблӣ ба имрӯза ба чашм намехурад, вале арзиши маводи таълимӣ имсол гаронтар аст. Вай мегӯяд, «дафтару китобҳоро имсол аз 1 то 3 сомонӣ қимат кардаанд».

Мақсуда Саидова, як зани нафақахур, ки бо мақсади хариди сарулибос барои чаҳор набераи мактабхонаш ба ярмака омадааст, мегӯяд, ҳеҷ тавофуте дар киёс бо молу маҳсулоти мағозаҳо эҳсос накардааст.

Вай меафзояд, «ман ҳар моҳ 92 сомонӣ нафақа мегирам ва он барои хариди танҳо китобҳои дарсӣ барои набераҳоям кифоят намекунад».

Дар ин ҳол мақомоти Хуҷанд гуфтанд, ки ташкили ярмаркаи фурӯши лавозимоти мактабӣ то 31-уми август, яъне то оғози соли таҳсил идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG