Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайроҳаҳои хатарноки қочоқи инсон


Занону духтарон аз Тоҷикистон бештар бо кадом роҳҳо ба кишварҳои умдатан арабӣ қочоқ мешаванд?

Мақомоти «Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон» ахиран гуфтанд, аксар занону духтароне, ки ба мамолики араб қочоқ шудаву дар ғуломӣ ба сар мебаранд, маъмулан на аз Тоҷикистон балки аз кишварҳои дигар вориди ин давлатҳо мешаванд. Зеро дар Тоҷикистон ба занону духтарони зери синни 30 сафар ба кишварҳои арабӣ бидуни ҳамроҳии наздиконашон иҷозат дода намешавад.

Азиз Иброҳимов, муовини раҳбари «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар мавриди қочоқи занону
Имрӯз қурбонии хариду фурӯши инсон он шахсоне мешаванд, ки худро ҳимоят карда наметавонанд.
духтарони тоҷик таъкид бар он нукта кард, ки дар тайи чанд соли ахир аксари духтарони аз асорат озодшуда гуфтаанд, ки аз роҳи шаҳрҳои Маскаву Бишкек ё Алмаато ба Имороти Араб ворид гардидаанд .Азиз Иброҳимов мегӯяд, мувофиқи маълумоти онҳо, дар фурудгоҳи Душанбеву Хуҷанд бинобар он ки кормандони интизомӣ монеъи сафари чунин духтарон ба Имороти Араб мешаванд, онҳо аз дигар хаттсайрҳо истифода карда, тавассути Маскав ё Бишкек ба ин кишварҳо мераванд.

Азиз Иброҳимов афзуд, чораҳои пешгирифтаи ниҳодҳои зирабт ба қочоқбарон имкониятро барои бевосита аз Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ интиқол додани занону духтарон маҳдуд кардааст.

Аммо коршиносон дар ин маврид назари дигар доранд. Рустам Шарифов, таҳлилгар ва ҳуқуқдони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, мушоҳидаҳо ҳокӣ аз онанд, ки ағлаби ҷавонзанони қочоқшуда, тавассути шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вориди Имороти Араб мешаванд. Ҳамзамон ҳамсӯбати мо Қазоқистонро чун кишвари транзитӣ барои қочоқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ном мебарад. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ҳолатҳои алоҳидае, ки хонумон худашон ихтиёран барои фаъолият дар риштаи хизматрасонии шаҳвонӣ мераванд,аз фурудгоҳи Душанбе парвоз кардаанд, вале чунин ҳолатҳо нисбатан камтаранд.

Рустам Шарифов аз ҷумла гуфт, дар чор соли ахир танҳо аз Имороти Араб 130 духтари тоҷик ба ватан бозпас гардонида шудаанд. Ба бовари Рустам Шарифов, дар кишварҳои дигар низ теъдоди зиёди духтарон ва ҳатто ҷавонони тоҷикро барои истисмори шаҳвониву меҳнатӣ истифода мебаранд.


Ин ҳама дар ҳолест,ки бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, нигарониҳо дар мавриди қочоқи инсон вуҷуд дорад. Аз ҷумла чанде қабл масъулони ЮНИСЕФ -Бунёди ҳимояти атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази мутолиоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз густариши мавориди қочоқи кӯдакон дар дохил ва хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Бар тибқи пажӯҳиши Маркази стратегӣ, қочоқи кӯдакон аз Тоҷикистон бештар ба Афғонистон, Қазоқистон ва Имороти Араб сурат гирифтааст. Ҳамчунин кӯдакони тоҷик аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Эрон бо ҳадафи истифодаи ҷинсӣ ва корҳои сиёҳ интиқол шудаанд.

Рафоат Бобоева аз созмони "Чашмаи ҳаёт", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон 16 созмони ҷамъиятӣ бо масъалаи пешгирӣ аз хариду фурӯши инсон кор мекунанд. "Чашмаи ҳаёт" дар як маркази вижаи офиятрасонӣ 57 тифли қурбони зӯроварию хушунат ва қочоқшударо сарпаноҳ додааст,ки беш аз нисфи онҳо духтарҳоянд.Хонум Рафоат афзуд, қурбонии тарффик ҷинс ва синну соли муайян надорад.Имрӯз қурбониҳои хариду фурӯши инсон он шахсоне мешаванд,ки худро ҳимоят карда наметавонанд.

Гуфта мешавад, тӯли чанд соли ахир,аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ низ мавориди қочоқи инсон афзоиш ёфтааст. Агар аз як сӯ, яке аз омилҳои афзоиши ғуломӣ ва қочоқ вазъи ногувори иқтисодии хонаводаҳои тоҷик бошад, аз ҷониби дигар маърифату дониши нокифояи ҷавонони тоҷик унвон мешавад.

Рустам Шарифов, таҳлилгар ва ҳуқуқдони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз равандҳои густариши одамрабоӣ ва қочоқи инсонро дар назорати ироаи шиносномаҳои хориҷӣ барои ҷавонон ва наврасон мебинад.Ӯ мегӯяд: “Масалан агар хонуми 18 сола шиносномаи хориҷӣ бихоҳад, муаяйн кардан мумкин аст, ки мақсади сафараш чист. Яъне пас аз таҳқиқ фаҳмидан мумкин аст, ки ӯро кӣ ҷалб кардааст ва бо кадом ҳадаф. Дар ин сурат мешавад ин равандро ҷилавгирӣ кард. “

Тоҷикистон аз соли 2004 бахши вижаи мубориза бо қочоқи инсонро дар назди Вазорати дохилӣ таъсис дода, барои муқобила бо ингуна ҷинояткорӣ дар қонун муҷозот пешбинӣ кардааст. Душанбе дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар тӯли чанд соли охир омилони зиёди ин гуна ҷиноятҳо дар дохил ва хориҷи кишварро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG