Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси Тоҷикистон ба Непал мераванд


Конфедератсияи футболи Осиё макон ва замони баргузории бозиҳои интихобии гурӯҳии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони синни то 16-соларо тасдиқ намуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби наврасони кишвар, ки бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «В» шомил аст, ба шаҳри Катмандуи Непал сафар хоҳад кард.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зоир Бобоев аз 5-ум то 15-уми октябр ба ғайр аз дастаи мизбон – Непал бо тимҳои Эрон, Баҳрайн, Лубнон ва Ҷазоири Молдив бозӣ хоҳанд кард.

Сабқати интихобӣ дар 8 гурӯҳ баргузор мешавад. 16 дастаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Кишвари мизбони даври ниҳоӣ пас аз ҷамъбасти сабқати интихобӣ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG