Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти қаҳрамонии шашкабозӣ оғоз ёфт


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шашкаи русӣ 4-уми август дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд шурӯъ шуд.

Муовини сардовари ин мусобиқа Абдусаттор Шодиев, мураббии мактаби варзишии шумораи 2-и шаҳри Исфара, ба радиои Озодӣ гуфт, беш аз 40 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқа байни мардону занон ва наврасону ҷавонон сурат мегирад.

Қаҳрамонони ҷадиди шашкаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми август муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG