Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба эътирозҳои нав дар Қирғизистон


Боздошти тазоҳуркунанда дар маркази Бишкек, 29-уми июли соли 2009.
Боздошти тазоҳуркунанда дар маркази Бишкек, 29-уми июли соли 2009.

Бақит Бешимов, узви порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сотсиал-демократ, рӯзи чоршанбе таи як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳукумат мухолифони худро мавриди фишор ва таъқиб қарор додааст.

Ба гуфтаи оқои Бешимов афроде ба таъқиб мувоҷеҳанд, ки ҷунбиши Иттиҳоди мардумиро созмон додаанд.

Вай афзуд, ки баъд аз интихоботи президентии 23 июл ҷомеаи кишвараш аз хоби гарон бархест ва дарк намуд, ки низоми Боқиев барои дубора ба сари қудрат омадан тамоми воситаҳоро сафарбар кард ва онҳоро аз ҳаққи интихоб маҳрум сохт.

Ба шаҳодати Бақит Бешимов дар ҳамин ҳол Боқиев фаъолони мухолифинро ба иттиҳоми созмон додани беназмиҳои оммавӣ, эҷоди монеа дар баргузории интихобот ва кӯшиши аз роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат боздошт кардааст.

Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки худи ҳукумат ташаббускори беназмиҳои оммавӣ буд, пеши роҳи аз роҳи одилона баргузор шудани интихоботи президентиро гирифт ва ҳоло аз роҳи зӯрӣ дубора ба қудрат расидааст.

Генерал Исмоил Исоқов, собиқ вазири дифоъ ва дар ҳамин ҳол узви иттиҳоди мухолифин, мегӯяд, кишварашро шахсе сарварӣ хоҳад кард, ки аз роҳи дуздидани раъйҳои мардум ба пирӯзӣ расидааст.

Вай афзуд, барои ҳамин иттиҳоди мухолифин ғалабаи Боқиевро дар интихоботи президентӣ эътироф намекунад ва аз раисони ҷумҳуриҳои Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва соири кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд даъват мекнамояд, ки пирӯзии Боқиевро дар интихоботи президентии 23 июл ғайриқонунӣ шуморанд.

Баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе пулис даҳҳо сокини ноҳияи Аломудини вилояти Чуйро, ки ба нишони эътироз ба сӯи шаҳри Бишкек раҳпаймоӣ созмон дода буданд, дар минтақаи Беш-Кунгейи ин вилоят зӯран пароканда кард.

Онҳо мехостанд тавассути раҳпаймоӣ алайҳи ба гуфтаи онҳо натиҷагириҳои ғайриқонунии комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳо то пойтахти кишвар бирасанд ва дар хиёбонҳои он раҳпаймоиҳро идома диҳанд.

Аммо пулис беш аз сӣ нафари онҳоро боздошт кард ва тавассути нақлиёт барои бозпурсӣ ба идораи умури дохила интиқол дод. Пулис ҳамчунин эътирозгарони боқимондаро маҷбур кард, ки раҳпаймоиро мутаваққиф созанд ва пароканда шаванд.

Яке аз занҳои эътирозгаро мегӯяд, кормандони пулис занону духтарон ва фарзандони онҳоро, ки даст ба гирдиҳамоии сулҳомез зада буданд, латту куб намуд.

Вай афзуд, ки чанд тан аз ҳамтоёни ӯ аз зарбу лати кормандони пулис захм бардоштанд ва афроди дигар ба фишори равонӣ мувоҷеҳ шуданд.

Ҳамчунин дар ҳудуди 40 иштирокчии намоиши эътирозӣ дар назди бинои ситоди Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон, воқеъ дар шаҳри Бишкек, низ аз тарафи кормандони умури интизомӣ боздошт гардиданд, аммо як гурӯҳи эътирозгарон, ки дар ҳудуди 150 нафарро ташкил хоҳад кард, мегӯянд, ки аз таҳдиди кормандони пулис ҳаросе надоранд.

Ба гуфтаи онҳо аз манотиқи кишвар ба хотири пуштибонӣ аз номзади ягона аз иттиҳоди мухолифин Алмосбек Атамбоев гирдиҳам омадаанд. Ин эътирозгарон меафзоянд, ки рӯзи панҷшанбе, 30 июл ба ҷониби шаҳраки Балиқчии вилояти Иссиқкӯл раҳпаймоиро шурӯъ хоҳанд кард.

Ҳабси эътирозгарон дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00


Ёдовар мешавем, ки дар соҳили Иссиқкӯл 31 июл ва 1 август нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон тарафдорони Алмосбек Ҳотамбоев ба ин далел тасмим гирифтаанд, ки ҷониби Иссиқкӯл раҳпаймоӣ кунанд. Вале интизор меравад, ки кормандони умури интизомӣ аз ин раҳпаймоӣ ҳатман ҷилавгирӣ хоҳад кард, то ки ба нишасти сарони кишварҳои узви СПАД халал ворид нашавад.
XS
SM
MD
LG