Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии рафиқонаи дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Локомотив»-и Маскав, ки шоми 28-уми июл дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Голҳоро аз дастаи "Регар-ТадАЗ" Давронҷон Тухтасунов ва Мансур Ҳакимов ва тими "Локомотив" - Дмитрий Полоз ва Виталий Дияков ба самар расонданд.

Ринат Билолиддинов, мураббии дастаи ҷавонони бошгоҳи футболи «Локомотив», ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ба бозии дӯстона бо «Регар» ТадАЗ аслан бозигарони дастаи ҷавонон омадаанд. Инчунин ба ҳайати даста бозигарони нисбатан маъруф шомиланд.

Яке аз онҳо дарвозабони моҳир Иван Пелиссолии итолиёвӣ мебошад. Вай маҳорати баланд дорад, вале, мутаассифона, на ҳама вақт маҳораташро комилан зоҳир мекунад. Бозигари дигари пуртаҷриба нимҳимоятгар Юрий Дроздов мебошад. Вай, ки собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Русия маҳсуб мешавад, ҳамзамон кори мураббигиро пеш мебарад. Дигар ҳама бозигарони ҷавонанд.


Оқои Билолиддинов афзуд, ба ҳайати ҷавонони «Локомотив» дар бозии дӯстона, инчунин, ҳимоятгари 17-сола Маҳмаднаим Шарифӣ, номзад ба узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, шомил аст. Ҳамчунин, шогирдони футболи тоҷик Олег Хаби, Ҳаким Фузайлов, Игор Черевченко, ки дар айни ҳол дар бошгоҳи футболи «Локомотив» кор мекунанд, ба Душанбе омаданд.

Вале оқои Билолиддинов иброз дошт, ки сармураббии ҳайати асосии «Локомотив» Юрий Сёмин ба Душанбе омада натавонист, зеро ӯ ҳайати асосии дастаро ба бозии даври 16-уми премйер-лигаи Русия муқобили тими «Ростов» омода мекунад. Воқеъан, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Локомотив» ва «Ростов» бо 19-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои 10-уму 11-ум қарор доранд.

Собиқ бозигарони машҳури «Помир» ҳамлагарон Мӯҳсин Муҳаммадиев (дар айни ҳол мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон) ва Вазген Манасян (мураббии мактаби варзишии шаҳри Полтаваи Укроин) , инчунин, ҳимоятгар Ҳасан Мустафоев (ҳоло дар бошгоҳи «Рубин» кор мекунад), ки барои тамошои ин бозии дӯстона ба Душанбе омадаанд ва дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG