Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби баргузории сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014


Кумитаи ташкили мусобиқоти AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) тартиби баргузории сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014-ро тасдиқ кард.

5 дастаи зӯртарини қора якбора ба даври севум роҳ дода мешаванд. 38 дастаи дигар, минҷумла мунтахаби Тоҷикистон, муборизаро аз даври аввал шурӯъ карда, дар бозиҳои ҷуфтӣ дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бозӣ хоҳанд кард.

Аз байни 19 тими ғолиб 11 дастае, ки рейтинги хубтар доранд, ба даври севум роҳ меёбанд. 8 дастаи боқимонда чаҳор ҷуфти даври дуввумро ташкил медиҳанд.

Ба ин тартиб, 20 дастаи мунтахаб ба 5 гурӯҳ тақсим шуда, дар даври севум барои 10 роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза хоҳанд бурд.

Чаҳор дастаи беҳтарини даври чаҳорум имкон пайдо мекунанд, ки дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия ширкат варзанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро касб мекунанд, дар плей-офф иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон-2010 дар даври дуввум аз тими Сингапур аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.
XS
SM
MD
LG