Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден Гурҷистонро ба ислоҳот даъват кард


Нойиби раисисҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, беҳбуди равобити Вошингтону Маскав ба ҳимояти Амрико аз Тифлис таъсири манфӣ нахоҳад гузошт:

“Мо мефаҳмем, ки Гурҷистон орзу дорад ба паймони НАТО ҳамроҳ шавад. Мо ин иштиёқро комилан дастгирӣ мекунем, муҳтарам аъзои парлумон мо ба талошҳоямон идома хоҳем дод, то ки кишвратон тавонад ба меъёрҳои НАТО ҷавобгӯ бошад.”

Моҳи августи соли гузашта Русия дар ҷанги кӯтоҳмуддат барои минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон- Осетияи Ҷанубӣ, нерӯҳои низомии гурҷиро шикаст дода буд. Кремл ишора карда буд, ки яке аз сабабҳои ин низо, аз он ҷумла хашми Маскав аз кӯшиши Тифлис пайвастан ба НАТО низ будааст.

Байден гуфт, ки Вошингтон истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва дигар минтақаи ҷудоиталаби Абхазистонро ба расмият нахоҳад шинохт ва ба дигар кишварҳо низ ҳушдор дод ки ба Вашингтон пайравӣ кунанд.

Бо вуҷуди ин вай ҳушдор дод ки роҳи низомии ҳали ин мушкил вуҷуд надорад: “Мо аз Русия даъват мекунем ба уҳдадориҳои байналмилалиаш содиқ бимонад, ва ба вижа қарордоди оташбас аз 12 августро иҷро намуда тамоми неруҳояшро ба мавқеъҳои қабл аз ҷанг баргардонд ва тамоми қаламравҳои шуморо озод кунад.”

Қонунгузорони гурҷӣ чанд бор суханронии Байденро бо кафкубиҳои баланд қатъ мекарданд аммо ҳангоме ки вай дар бораи зарурати ислоҳотҳои демократӣ дар Гурҷистон мегуфт ғолибан хомуш буданд. Муовини президенти Амрико бо интиқоди рупушида аз раисиҷумҳури бонуфуз Михаил саакашвили гуфт, ки Гурҷистон бояд миёни парлумону раисиҷумҳури кишвар мувозинати дурустро интихоб кунад.

Қаблан Байден пушти дарҳои баста бо Саакашвили мулоқот анҷом дод. Бино бар як манбаъи наздик ба ҳукумати Гурҷистон, Саакашвили аз меҳмони амрикоӣ хоҳиш кард то ки Амрико ба тамрини низомиёни гурҷӣ идома диҳад, аммо Саакашвили, тавре ки интизор мерафт таъмин бо таслиҳоти пешқадамро талаб накард.

Маскав дар вокуниш ба боздиди Байден аз Гурҷистон ҳушдори тунд дода ваъда кард ки барои пешгири аз дубора мусаллаҳ шавии Гурҷистон чораҳои мушаххас руи даст хоҳад гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Григорий Карасинро гуфтааст, Русия кӯшишҳои баъзе кишварҳоро мушоҳида мекунад, ки аз роҳҳои гуногун мехоҳанд ҳамкории низомӣ бо Гурҷистонро пинҳон кунанд. Вай афзуд, ки чунин ҳамкориро ин кишварҳо зери ниқоби “кумаки башардӯстона” анҷом медиҳанд. Маскав қаблан борҳо Вошингтонро дар мусаллаҳсозии маҳрамонаи Тифлис муттаҳам карда буд.

Дар пешорӯи мулоқот бо Байден Саакашвили гуфта буд, ки кӯмаки Амрико барои кившараш ҳаётан муҳим аст: “мо инчунин кишвари таҳти ҳамла ва қисман истилошудаем, демократия ва амнияти мо пайваста таҳти хатар қарор мегирад. Аммо алорағми ҳамаи ин интихоби мо баргаштнопазир аст. Мо қарор кардем ба ҷаҳони озод, Аврупо ва паймони НАТО ҳамроҳ шаваем.”

Тифлис хоҳиш карда буд то ки нозирони ғайримусаллаҳи амрикоӣ минтақаҳои ҷудоиталаби Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро дидбонӣ кунанд.

Зимни боздидаш Байден бо раҳбарони аҳзоби мухолифи Гурҷистон низ мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG