Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии лигаи якуми футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки аз 9 бозӣ 21 имтиёз ба даст овардааст, ғолиби давраи аввал шуд.

Тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифтааст. Дастаи «Ҷавонон»-и шаҳри Турсунзода бо 17 имтиёз ҷои севумро касб кардааст. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ бо 15 имтиёз дар ҷои чаҳорум ва тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо 12 имтиёз дар ҷои панҷум мебошанд.

Дар давраи дуввуми мусобиқот, ки авоили моҳи сентябр шурӯъ мешавад, мубориза барои дарёфти ду роҳхат ба лигаи олӣ байни пешсафон шиддат хоҳад гирифт.

Дастаҳои РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии Душанбе), «Барқ»-и Норак ва «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 8-имтиёзӣ дар зинаҳои охири ҷадвали мусобиқа ҷойгир шудаанд ва барои аз даст надодани мавқеъашон дар лигаи аввал талош хоҳанд кард.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа пас аз давраи аввал

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

9

7

0

2

22-14

21

2.

«Хайр»

9

6

2

1

28-14

20

3.

«Ҷавонон»

9

5

2

2

25-13

17

4.

«Панҷшер»

9

5

0

4

26-13

15

5.

«Ҳулбук»

9

4

0

5

20-24

12

6.

«Зарафшон»

9

3

2

4

14-16

11

7.

«Локомотив»

9

3

0

6

7-21

9

8.

РШВСМ

9

2

2

5

10-17

8

9.

«Барқ»

9

2

2

5

12-20

8

10.

«Рангонгаз»

9

2

2

5

10-22

8


Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 11 гол, Темур Ризоев («Ҷавонон»), Фозил Ҳабибов («Зарафшон») – 8-голӣ, Дилшод Табаров («Хайр») ва Бахтиёр Чориев («Саройкамар») - 7-голӣ.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG