Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати нави сабқати интихобии футболи Олимпиада-2012


Сабқати интихобии осиёии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2012 сентябри соли 2010 ё феврали 2011 шурӯъ хоҳад шуд.

Ҳоло FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол) низомномаи нави мусобиқотро омода месозад, ки пас аз анҷоми ин кор Конфедеросиюни футболи Осиё аъзои AFC-ро хабардор хоҳад кард.

Дар лоиҳаи низомномаи ҷадид синни футболбозони дастаҳои ширкаткунанда аз 23 ба 21 маҳдуд шудааст. Яъне варзишгароне, ки дар мавриди оғози бозиҳо 22-сола мешаванд, дар ҳайати дастаҳои мунтахаб дар мусобиқоти олимпӣ оид ба футбол ширкат карда наметавонанд.

Бинобар ин сабқати интихобии Олимпиада-2012 оид ба футбол, ки мебоист феврали соли оянда баргузор мешуд, сентябри соли 2010 ё феврали 2011 доир мегардад.
XS
SM
MD
LG