Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC - феврали 2010


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё аз 3-юм то 14-уми феврали соли 2010 баргузор хоҳад шуд.

Вале макони баргузории сабқати ниҳоӣ ҳанӯз муайян нашудааст. Дар даври ниҳоӣ дорандагони ҷоизаҳои мусобиқоти пешин – дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ, ҳамчунин, тимҳои миллии Қирғизистон, Туркманистон, Мянмар, Шри-Ланка ва Бангладеш, ки дар сабқати интихобӣ соҳиби роҳхатҳо шудаанд, ширкат хоҳанд кард.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Баъдан бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ баргузор хоҳанд шуд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2010 соҳиби роҳхати ягона ба Ҷоми Осиё-2011 мешавад. Дар мавриди пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон, ғолиби мусобиқаи порсола, роҳхат насиби дастае мешавад, ки ҷои дуввумро касб мекунад.

Воқеъан, соли гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз тими мизбон – Ҳиндустон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми даъвати AFC аз соли 2006 барои севвумин бор доир хоҳад шуд. Дастаи Тоҷикистон нахустин барандаи ин Ҷом ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG