Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: "ИМА аз Украина пуштибонӣ хоҳад кард"


Ҷозеф Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз сафари худ ба Украинаро анҷом дода ба Гурҷистон сафар мекунад. Зимни суханронӣ дар Киев, Байден тайид намуд, ки Амрико аз Укрина пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки "озодӣ - ин фақат оғоз аст ва на анҷом. Инқилоби шумо идома дорад, ҳанӯз ҳама ҳадафҳо татбиқ нашудаанд. Ва ман ин ҷоям, ки ба мардуми Укрина бигӯям: "Агар Украина роҳ сӯи озодӣ, демократия ва шукуфоиро идома диҳад, Иёлоти Муттаҳида ба вай кумак хоҳанд кард".
Ҷозеф Байден ҳамчунин аз Украина даъват кард, ки сарфаҷӯӣ кунад ва самарнокии захоири энерҷиро боло барад ва афзуд, ки озодии кишвар ба ин ду омил марбут аст. Рӯзи сешанбе баъд аз музокирот бо раисиҷумҳур Виктор Юшенко ӯ изҳор намуд, ки Украина ба кадом паймону иттиҳод пайвастанро бояд худаш муқаррар кунад. Ҳадаф аз сафари Байден –мутмаин сохтани Киев ва Тифлис ба он аст, ки беҳбуди равобити Вошингтон бо Маскав ба манфиатҳои Украина ва Гурҷистон латма нахоҳад зад. Русия ба вуруди ин ду кишвари собиқ шӯравӣ ба НАТО қатъан мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG