Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшаи Рӯдакӣ дар осорхонаи Беҳзод


Дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод намоишгоҳе бахшида ба бузургдошти одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ифтитоҳ ёфт.

Намоиши мазкур аз чаҳор толор иборат аст. Дар ду толори аввал асарҳои офаридаи рассомони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудааст. Толори севвум иборат аз сиккаҳову дирҳамҳои даврони устод Рӯдакӣ, гаҷпораҳо, зарфҳои шишагину сафолӣ ва катибаҳо мебошад. Дар толори чаҳорум асарҳои олимони машҳур ба чашм мехӯранд, ки дар бораи устод Рӯдакӣ ва фаолияти ӯ ҳикоят мекунанд.

Ба гуфтаи Абдувалӣ Шарипов, раиси осорхонаи миллии ба номи Камолидин Беҳзод, «бори нахуст дар толори осорхонаи миллӣ осори машҳур бо номи «Тарки дарбор», ки аз сӯи Вазорати фарҳанг ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва ба осорхона ҳадя шуд ва ҳамчунин дафинаи сиккаҳои амирони Сомонӣ, ки ба наздики аз қасри Ҳулбук ёфта шуд, ба намоиш гузошта шудааст».

Намоиши Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод 5 рӯз идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG