Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба Украина ва Гурҷистон чӣ паём меорад?


Ноиб-президенти Амрико, Ҷозеф Байден ва президенти Украина, Виктор Юшенко, Киев, 21-уми июли соли 2009.
Ноиб-президенти Амрико, Ҷозеф Байден ва президенти Украина, Виктор Юшенко, Киев, 21-уми июли соли 2009.

Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷозеф Байден дар Украина изҳор дошт, ки беҳбуди равобити Амрико бо Русия на бар зарар, балки ба манфиати Украина хоҳад буд.

Вай бори дигар аз талошҳои Киев ба шомил шудан дар маҳфили Авруатлантик ҳимоят кард ва Украинаро коршарики эътидол, шукуфоӣ ва демократия дар минтақа хонд.
Нойиб-президент ҳамчунин ба онҳо паёми қавӣ хоҳад дод, ки ҳампаймонӣ бо Амрико масъулиятҳои муайяне низ дорад. Дар Украина ин ба ислоҳоти бахши энержӣ ва дар Гурҷистон ба ислоҳоти демократӣ дахл хоҳад дошт ...

Байден бо муроҷиат ба президенти Украина, Виктор Юшенко, гуфт, "бо як паёми сода ва бепарда ба Киев омадааст ва намехоҳад, касе онро нодуруст фаҳмад. Паём ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украинаи қавӣ, демократӣ ва шукуфон бовар дорад."

Аммо бо вуҷуди рӯҳияи баланди суханаш Ҷозеф Байден дар Украина ба эҳтимоли зиёд худро бештар дар нақши миёнарави тарафҳои мутахосим ҳис мекунад, ки бояд рақибонеро ба ифоқа орад.

Рӯзи аввали сафари ӯ пурра сарфи дидору гуфтушунидҳои ҷудогона бо ҳамин гуна рақибони асосии сиёсӣ шуд. Бо президент, Виктор Юшенко, сарвазири Юлия Тимошенко, раҳбари ҳизби "Минтақаҳо" Виктор Янукович ва сарвари мухолифон, Арсений Ятсенчук, ки ҳар чаҳор номзадҳои асосии интихоботи ояндаи президентии Украина хоҳанд буд.

Аммо интихобот дар моҳи январи соли оянда баргузор хоҳад шуд, ҳоло бошад, адовату кашокаши сиёсӣ бӯҳрони иқтисодии Украинаро ба маротиб амиқтар кардааст.

Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брайан Уитмор, ки Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳидаро дар сафари Украина ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд, интихобот ва масъалаҳои энержӣ дар сархатти гуфтушунидҳои Байден қарор дорад:

"Энержӣ ва интихоботи ояндаи президентии Украина зоҳиран аз мавзӯъҳои асосӣ мебошанд. Ҳатто дар матбуоти Украина як ҳадсу овоза ҳам рӯ зад, ки Байден омадааст, то аз як номзад ҳимоят кунад. Аммо мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, дастикам расман ин мавзӯъ дар миён нест."

Юшенко ва Тимошенко -- ҳампаймонҳои Инқилоби норанҷии соли 2004 , ки Юшенкоро ба қудрат расонд, -- пас аз ихтилофи назар дар чандин масъала ба рақибони ҳам табдил ёфтанд.

Мушовири Байден дар умури амнияти миллӣ, Тонӣ Блинкен, ба хабарнигорон гуфт, Байден ният дорад, аз сарони украин даъват кунад, ки рақобатҳоро як сӯ гузоранд ва "сазовори ваъдаҳои инқилоб бошанд."

Аммо дар мавриди бахши энержии Украина нигарониҳои асосӣ ин аст, ки он аз сармоягузории кофӣ маҳрум мебошад ва зербинои кӯҳнаву фарсудааш дар ҳоли фурӯпошист.

Баҳси шадиди нархи газ байни Маскаву Киев сабаб гашт, ки Русия дар моҳи январ интиқоли газро ба Украина қатъ кард ва ин сабаби коҳиши эътимоди Аврупо ба коршарикии Украина гардид.

Бо вуҷуди ин мушкилиҳои Украина, Байден ба сурати куллӣ бо паёми мусбате омадааст, ки талошҳои Вашингтон дар тармими равобити печидааш бо Русия аз ҳисоби орзуи узвияти Киев дар НАТО ва ҷомеаи ғарбӣ пардохт нахоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, аввали ин моҳ дар сафаре ба Маскав аз ҳамтои руси худ, Дмитрий Медведев, хост, муносибатҳои Амрико ва Русияро, ки аз замони ҷанги сард дар давраи ҳокимияти президент Буш ба поинтарин нуқта афтодаанд, аз сар гиранд.

Байден қарор аст, айни чунин паёмро ба Гурҷистон низ расонад. Сафари ӯ ба Тифлис рӯзҳои 22 ва 23-юми июл сурат хоҳад гирифт. Гурҷистон низ талоши зиёд дорад, ба узвият дар Паймони Атлантики Шимолӣ даст ёбад ва ин талоши он хашми Русияро барангехтааст.

Аммо Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брайан Уитмор мегӯяд, Байден ҳамчунин шартҳои муайянеро низ пеш хоҳад гузошт.

"Ҳадафи асосии сафари ӯ дударпеч аст. Аз як сӯ, пас аз оғози нави муносибатҳо бо Русия ва сафари президент Обама ба Маскав, нойиб-президент мехоҳад, ҳарду -- Украина ва Гурҷистонро тазмин диҳад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамоно ҳампаймони боварбахши онҳо хоҳад буд. Аммо аз сӯи дигар, бардошти ман ин аст, ки нойиб-президент ҳамчунин ба онҳо паёми қавӣ хоҳад дод, ки ҳампаймонӣ бо Амрико масъулиятҳои муайяне низ дорад. Дар Украина ин ба ислоҳоти бахши энержӣ ва дар Гурҷистон ба ислоҳоти демократӣ дахл хоҳад дошт."


Бар замми дидорҳояш бо мақомоти украин, Байден ба пояи муҷассамаи ёдгории қурбониёни Қаҳтии бузург дар Украина дар аввали солҳои 1930 гулчамбар гузошт.

Дар ин қаҳтӣ миллионҳо нафар ба ҳалокат расиданд ва Украина пойфишорӣ мекунад, ки онро ҳамчун наслкушӣ аз тарафи диктатори шӯравӣ Иосиф Сталин эътироф кунанд.
XS
SM
MD
LG