Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ҲИУ дар робита ба марги Мирзо Зиёев


Tajikistan/Uzbekistan -- Tohir Yuldashev, leader of he Islamic Movement of Uzbekistan (IMU), undated
Tajikistan/Uzbekistan -- Tohir Yuldashev, leader of he Islamic Movement of Uzbekistan (IMU), undated

Дар наворе, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дастрас намуд, Тоҳири Юлдош-пешвои созмони террористии Ҳаракати Исломии Узбакистон ба забони тоҷикии саршор аз гӯишҳои узбакӣ аз марги Мирзо Зиёев изҳори таассуф намуда, мегӯяд, ки иддаои ҳукумат дар заминаи рабт додани Зиёв бо ҳаракати исломии Узбакистон появу асос надорад.

Ӯ меафзояд, Мирзо Зиёев ҳеҷ гоҳ узви ҳаракати исломии Узбакистон набуд. Тоҳир Юлдош гуфтааст, ҷангиёни узбак аз соли 1992 то соли 1997 дар сафи муҷоҳидини тоҷик бар зидди ҳукумати Тоҷикистон ҷангидаанд. Ҳамчунон сухангӯй таъкид кардааст, ки ӯ аз хиёнати мухолифини тоҷик дар соли 1997, қатъи ба гуфтаи ӯ "ҷиҳод" ва созиш бо ҳукумат ҳамеша норизо будааст.


Авохири ҳафтаи гузашта баъди марги мармузи собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳи нерӯҳои наҳзати исломии Тоҷикистон генерал Мирзо Зиёев мақомоти амниятии кишвар гуфтанд, ки Зиёев дар роҳ ба музокирот бо раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ Неъмат Азизов аз тарафи ҳамин гурӯҳ ба қатл расид.


Дар изҳороти ҳукумат омадааст, ки Мирзо Зиёев бо чанд нафар аз пайравонаш дар паи як амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ боздошт шуда буд. Ба қавли мақомот, Зиёев мувофиқат кард, бо гурӯҳи мусаллаҳи Азизов музокирот пеш бурда, онҳоро бо ба таслимшавӣ водор намояд. Аз сӯи дигар дар нишасти матбуотии рӯзи якшанбе мақомоти Тоҷикистон Мирзо Зиёевро ба кӯшиши ғасби қудрат ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам карданд.


Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон таҳти раҳбарии фармондеҳ Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар сафҳои нерӯҳои мухолифини тоҷик бар зидди ҳукумати Тоҷикистон ҷангида буданд. Аммо ба қавли мухолифини тоҷик баъди имзои созиши умуми сулҳи миёни тоҷикон ва ваъдаи ҳамоиши намояндагони мухолифини тоҷик ба ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ва аъзои оилаҳояшон аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кӯч бастанд.


Назар ба маълумоти расмӣ соли 2001-ум Ҷумъаи Намангонӣ бар асари бомбаборони ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд. Чанд ҳафта пеш мақомоти Покистон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни амалиёти артиши Покистон дар манотиқи назди марзи Афғонистон Тоҳири Юлдош маҷрӯҳ шудааст.


Вале дар наворе, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дастрас намуд, шахсе бо садои шабеҳи овози Тоҳири Юлдош иброз доштааст, ки пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Покистону Афғонистон фаъол буда, тасмим доранд ба Тоҷикистону Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргарданд.

XS
SM
MD
LG