Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Мирзо Зиёев


Мирзо Зиёев соли 1960 дар рустои Хоҷаи Ҳиҷози ноҳияи Панҷи вилояти вақти Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ техникуми саноатии Душанберо бо ихтисоси техник-топограф хатм карда, то соли 1992 дар зодгоҳаш – ноҳияи Панҷ ҳамчун топограф кор мекард. Зиёев дар соли 1992 ба ҳайъати нирӯҳои мухолифин пайваст ва дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ, ки дар поёни соли 1992 ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард, ба Афғонистон фирор кард.

Ӯ соли 1994 ҳамроҳ бо як гурӯҳи бузурги нирӯҳои мухолифин марзро дубора гузашт ва дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара, ки ватани бобоии ӯст, мустақар шуд. Тавилдара дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як саҳнаи аслии даргириҳои сангин байни нирӯҳои давлат ва мухолифин буд пирӯзиҳову пешрафтҳои муҳими Мирзо Зиёев дар ҷабҳаи Тавилдара исми ӯро дар радифи фармондеҳони аввали мухолифoн овард.

Мирзо Зиёев дар тобистони соли 1999 тибқи саҳмияи сидарсадии оппозисиюн ба ҳайъати ҳукумат омад ва вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон таъйин шуд. Зиёев дар ин симат то поёни ноябри соли 2006 кор кард ва ба дунболи интихоби дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд.

Ҳамагӣ 5 моҳ баъди ин Ожонси мубориза бо фасод эълон кард, ки ба таҳқиқи фаъолиятҳои вазорати ҳолоти изтирорӣ дар даврони раҳбарии Мирзо Зиёев пардохта, сирқати 129 000 сомониро дар ин идора кашф кардааст. Аммо бо гузашти беш аз 2 сол мақомот дигар нагуфтанд, ки таҳқиқи ин парванда оё ҳанӯз идома дорад ва агар ҳа, ба куҷо расидааст.

Мирзо Зиёев ба дунболи барканориаш аз ҳайъати ҳукумат гоҳе дар Душанбе, вале аксаран дар зодгоҳи бобоияш – Тавилдара дар як манзили сеошёна дар кӯчаи Вахёи маркази ноҳия ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG