Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нооромиҳо дар Урумчӣ


Дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷони Чин, нооромиҳо идома доранд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, уйғурҳои маҳаллӣ бо истифода аз сангу калтак бо кормандони полис вориди бархурд шуданд. Полис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурдааст.
Намоишҳои эътирозӣ дар Урумчӣ алайҳи сиёсати ҳукумат ва бартарии чиноиҳо дар иқтисоди минтақа рӯзи якшанбе шурӯъ шуданд. Бар асари саркӯбсозии намоишҳо дасти кам 156 нафар кушта шуда ва беш аз 800 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар робита ба тазоҳуроти рӯзи якшанбе беш аз 1400 нафар боздошт шудаанд.Мақомоти Чин дар ташкили нооромиҳо созмонҳои уйғурҳои мустақар дар хориҷи кишвар ва ифротгароҳои исломиро муттаҳам мехонанд. Ва аммо созмонҳои уйғурҳои берун аз Чин ин иттиҳомро рад карда, Пекинро дар саркӯбсозии тазоҳуроти осоишта ва куштори мардуми маҳаллӣ айбдор намуданд.
Намояндаи Ҳизби комунисти Чин дар Шинҷон изҳор намуд, ки намоишҳои эътирозӣ саркӯб шудаанд ва аммо афзуд, ки то анҷоми мубориза ҳанӯз вақт зиёд аст.
XS
SM
MD
LG