Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти Гондурас як нафар кушта шуд


Дар задухӯрди миёни низомиён ва тазоҳуркунандагоне, ки бозгашти президент Мануэл Зелаяро тақозо мекунанд, дастикам, як нафар кушта шудааст. Ин тазоҳурот дар фурудгоҳи Тегусигалпа-пойтахти Гондурас баргузор шудааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ассошиейтед Пресс иттилоъ медиҳад, ки Зелая аз низомиён хостааст, то вафодории худро ба вай нишон диҳанд, зеро вай ба Гондурас бармегардад. Аммо ҳукумати муваққатӣ ба Зелая ҳушдор додааст, ки ба Гондурас барнагардад, вагарна дар сурати бозгашт боздошт ва зиндонӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG