Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи Интервидение интихоб шуд


Ален Абилфайзов, барандаи озмуни Интервидение
Ален Абилфайзов, барандаи озмуни Интервидение

Ален Абилфайзов, овозхони ҷавони тоҷик, барандаи бахши тоҷикистонии озмуни "Интервидение. 5 ситора" эълон шуд.

Дар озмуни интихоби намояндаи Тоҷикистон дар ин озмун, ки дар Кохи Борбади Душанбе баргузор шуд, аз миёни 10 номзад, тамошобинон оҳанги "Муҳаббат"-и Ален Абилфайзовро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол карданд.

Ален акнун моҳи август Тоҷикистонро дар озмуни имсолаи "Интервидение. 5 ситора" намояндагӣ хоҳад кард. Ален Абдулфайзов 30 сол дорад ва зодаи шаҳри Истаравшан аст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ба таври касбӣ овозхонӣ накардааст.

Ҳайати доварони озмунро Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва овозхонҳои касбиву саршинос - Олим Ширинов аз гурӯҳи "Парем", Таҳмина Рамазонова аз "Авасто" ва Умари Зиё аз "Гулшан" намояндагӣ карданд.

Инчунин раъйдиҳии СМС-ии тамошобинон барои таъини ғолиби озмун ба инобат гирифта шудааст. Нозирон гуфтанд, ки озмуни имсола мунсифона ҷараён гирифт.

Соли гузашта Таҳмина Ниёзова аз Тоҷикистон барандаи ин озмуни овозхонҳои попи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҷумҳуриҳои назди Балтик гардид.
XS
SM
MD
LG