Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи идомаи таҳсил дар Тоҷикистон боз шуд


Имсол аввалин бор хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон саҳм пайдо карданд, ки дар Тоҷикистон таҳсил кунанд.

Имсол синфу мактабҳои тоҷикии Қирғизистонро беш аз 200 нафар толибилмон хатм карданд. Назди ҳамаи онҳо ин пурсиш халқ шудааст, ки таҳсилро дар куҷо идома хоҳанд дод.

Ба гуфтаи рӯшанфикрони тоҷики муқими Қирғизистон баъди нооромиҳо дар Тоҷикистон робитаҳои фарҳангии миёни ин ду кишвари
Сафорат талош ба харҷ медиҳад, ки ин 40 нафар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил шаванд ва баъди хатми он дубора ба ватанашон баргарданд ва ба нафъи мардуми он хидмат кунанд...
ҳамҷавор коста гардид ва хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон таҳсили худро бештар дар донишгоҳҳои Бишкек ва Ӯш давом медоданд.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон суботу оромӣ ҳукмфармост ва имкони идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон барои хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дубора имконпазир шудааст.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ мегӯяд, муроҷиати ин созмони тоҷикон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек ва Вазорати маорифи Тоҷикистон самари худро дод.

Ба гуфтаи ӯ мактабҳои тоҷикии Қирғизистон як саҳмия ё квотаи 40 нафарии Тоҷикистонро ба даст овард ва имсол аввалин гурӯҳи хатмкунандагони ин мактабҳои кишвараш озими Тоҷикистон шуд.

Қодиршои Мурувват афзуд, қаблан анъанае вуҷуд дошт, ки асарияти хаъмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсилро давом медоданд.

Ба гуфтаи оқои Мурувват вале аз замони нооромиҳо дар Тоҷикистон то кунун ин анъана аз байн рафта буд. Вай гуфт, хушбахтона бо сайъу талошҳои зиёди дастандаркорони иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ин анъанаи нек дубора эҳё гардид.

Асомиддин Саидов, сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ перомуни ин мавзӯъ гуфт, кишвараш барои 40 нафар хатмкунандаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон, ки дар ноҳияҳои мухталифи он ба сар мебаранд, квота ҷудо намуд.Вай афзуд, "Сафорат талош ба харҷ медиҳад, ки ин 40 нафар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил шаванд ва баъди хатми он дубора ба ватанашон баргарданд ва ба нафъи мардуми он хидмат кунанд."

Ба гуфтаи Асомиддин Саидов имсол бо машварати сокинони баъзе манотиқи тоҷикнишини Қирғизистон сафорат дар мавриди ҷудо кардани квотаҳо дар донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи устод Турсунзода низ иқдом намуд. Сафири Тоҷикистон гуфт, вай ин равандро бевосита зери назорат хоҳад гирифт, то ки самараи эҳёи анъанае, ки қаблан вуҷуд дошт, беш аз пеш биафзояд.

Аммо Манзура Ҳасанхӯҷаева, мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд, мегӯяд, шумораи квотае, ки барои хатмкунандагони синфу мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ҷудо шудааст, шумораи кофӣ нест. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо имсол мактаби онҳоро 38 нафар толибилмон хатм намуданд, ки аксарияташон мехоҳанд ба донишгоҳи дигар низ шомил шаванду соҳиби касб гарданд.

Вай афзуд, бо вуҷуди ин имконе, ки фароҳам омадааст, маҳдудиятҳои худро боз дорад.

Манзура Ҳасанхӯҷаева гуфт, агар ҷониби Тоҷикистон зимни ҷудо кардани квотаҳо дар баробари донишгоҳҳои омӯзгорӣ, ҳамчунин донишгоҳҳои тиббиву политехник ва иқтисодиро низ мадди назар гирад, ба мақсад мувофиқтар аст.

Мудири қисми илмии мактаби ба номи устод Айнӣ тазаккур дод, зеро як гурӯҳи калони хатмкунандагони мактаби онҳо мехоҳанд, ки пизишку инженер ва ё иқтисоддон шаванд.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон изҳор кард, ки анъанаи қабули хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон як иқдоми хеле арзишманд аст ва солҳои оянда низ бояд идма пайдо кунад.

Қобили гуфтанист, ки имсол фақат ду мактаби тоҷикии деҳаи Андараки ноҳияи Лолак, воқеъ дар вилояти Боткандро 135 нафар толибилм хатм намуданд.

Қисмати боқимондаи хатмкунандагон, ки теъдодашон аз дусад беш арзёбӣ гардид, ба мактаби миёнаи ба номи Фирдавсии шаҳраки Ҳайдаркон ва ду синфи тоҷикии мактаби миёнаи ба номи устод Айнии ноҳияи Қадамҷои ин вилоят тааллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG