Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Қирғизистон дар аъроф


Владимир Школников, раиси бахши аврпуоии созмони Freedom House. Прага, Радиои Озодӣ, 30 июни соли 2009.
Владимир Школников, раиси бахши аврпуоии созмони Freedom House. Прага, Радиои Озодӣ, 30 июни соли 2009.

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ бори аввал эълон кард, ки Қирғизистон ба қатори кишварҳое шомил аст, ки низомашон авторитарӣ мебошад.

Бино ба гуфтаи пажуҳишгарони Хонаи Озодӣ Қирғизистон баъди истиқлолияти худ дар фазои Осиёи Марказӣ ба ҳайси ҷазираи демократия муаррифӣ шуда буд. Вале афзудааст ин манбаъ, боз ҳам мардуми Қирғизистон аз сиёсатҳои президенти собиқ Аскар Оқоев ибрози норизоӣ кард ва даст ба тазоҳуроте зад, ки оқибат Оқоевро аз вазифа барканор сохт. Ӯ бидуни муқовимат курсии президентиро ба рақибонаш во гузошт ва ба Русия фирор кард.

Ба гуфтаи пажуҳишгарони Хонаи Озодӣ суқути ҳукумати Оқоев ва ба сари қудрат омадани низоми нав, ки ба он Қурмонбек Боқиев сарварӣ мекунад, ягон таҳаввулоти дорои арзиши баланд дар ин кишварро ба бор наёвард ва президент Боқиев барои мардуми Қирғизистон як қатор маҳдудиятҳои ҷиддӣ эҷод кард.

Бо вуҷуди ин Владимир Школников, мудири созмони Хонаи Озодӣ, ибрози умедворӣ кард ва гуфт, ки Қирғизистон дар сурати бартараф кардани нуқсонҳое, ки пажуҳишгарони созмони ӯ тавсия додаанд, аз феҳристи кишварҳои низомашон авторитарӣ хориҷ гардад&

Ба гуфтаи ҷаноби Школников агар суол кунанд, ки феҳристи кишварҳои низомаш авторитариро кадом кишвар тарк хоҳад кард, мо пеш аз ҳама номи Қирғизистонро ба забон мегирифтем.

Ҷаноби Школников афзуд, аммо ҳукумати қирғизро лозим аст, ки тавсияҳои Хонаи Озодиро сари вақт иҷро кунад.

Ба эътиқоди иддае аз соҳибназарон низ Қирғизистон бештар ба сӯи авторитаризм майл намудааст. Ба таъкиди онҳо бо гузашти беш аз чаҳор соли баъди инқилоби лолаӣ Қирғизистон ба кишваре табдил ёфт, ки аз арзишҳои демократӣ сарфи назар мекунад. Бино ба гуфтаи ин манобеъ президент Боқиев аз қонунҳои шадиде кор мегирад, ки мардуми кишвар дигар нахоҳад тавонист, даст ба тазоҳуротҳои густурда занад.

Ба гуфтаи Александр Князев, яке аз коршиносони масоили сиёсӣ мегӯяд, фаъолшавии ниҳодҳои интизомӣ, таҳти назорат қарор гирифтани бархе аз нашрияҳои бонуфузи кишвар ва аз тарафи як нафар идора кардани тамоми шабакаҳои ҳукуматӣ аз омилҳое маҳсуб мешаванд, ки даъвоҳои созмони Фридом Хаусро тасдиқ менамоянд.

Князев афзудкор, вале ин равандро бояд оғози чунин таҳаввулот арзёбӣ кард, ки ҳанӯз дар Қирғизистон шакли оммавиро касб нанамудааст.

Дар ҳамин ҳол Турсунбек Охун, раиси Омбдусмени Қирғизистон, хулосаи пажуҳишгарони Хонаи Озодиро дар мавриди кишвараш як амали шитобкорона хонд. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки дар мавриди риояи арзишҳои демократӣ ақибравӣ эҳсос мешавад, вале ин ҳаргиз чунин маънӣ нахоҳад дошт, ки Қирғизистон ба мамлакати худкорма ё авторитарӣ табдил ёфтааст.

Омбдусмени қирғиз афзуд, зеро дар солҳои ахир кишвараш ба пешрафтҳои хеле назаррас ноил шуд. Турсунбек Охун гуфт, Қирғизистон ҷамъияти шаҳрвандист ва аз озодии матбуот бархурдор аст.

Мақомоти қирғиз дар робита ба гузориши пажуҳишгарони созмони Хонаи Озодӣ вокуниш нишон надодаанд.

Илим Қарипбеков, коршиноси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, гуфт, вақте ки ин гузориш дастраси онҳо шуд, ҳатман вокуниши мақомотро дар ин маврид эълом хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG