Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 12-умин солгарди Рӯзи ваҳдат


Ҷашни Ваҳдат дар варзишгоҳи навбунёди Хуҷанд баргузор шуд
Ҷашни Ваҳдат дар варзишгоҳи навбунёди Хуҷанд баргузор шуд

Маросими асосии таҷлил аз 12-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу тантана баргузор шуд.

Ҷашнвора дар варзишгоҳи тозабунёди шаҳри Хуҷанд шоми 27–уми июн баргузор гардид ва дар он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони олирутбаи кишвар ширкат карданд.

Ин варзишгоҳи навбунёд, ки дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт, дорои 25 ҳазор ҷои нишаст мебошад ва ҳамин теъдод меҳмонон аз шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз гушаву канори Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷиро барои таҷлили ҷашни Ваҳдат гирди ҳам овард.

Барои бунёди ин маҷмааи варзишӣ беш аз 35 миллион сомонӣ, ҳудуди 10 миллион доллари амрикоӣ, сарф шудааст.

Дирӯз ҳамчунин дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдат маъракаву намоишҳои идона баргузор шуд.

Дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи вижаи идона роҳандозӣ нашудааст. Вале иддае аз мардум дар боғу фароғатгоҳҳои пойтахт ҷамъ омаданд ва бо сайругашти дастҷамъӣ алоқаи худро ба Рӯзи ваҳдат ва сулҳ нишон доданд.
XS
SM
MD
LG