Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби олимпӣ бар мунтахаби бошгоҳҳо


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби бошгоҳҳои футболи кишвар бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ин бозӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ 23-юми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Нимаи аввал бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Ҳарду голи дастаи мунтахаби бошгоҳҳои кишварро Нӯъмонҷон Ҳакимов (ҳамлагари «Вахш»-и Қӯрғонтеппа) дар дақиқаҳои 10-ум ва 34-ум ба самар расонд. Ду голи мунтахаби олимпиро Абдусамад Ҳоҷибоев дар дақиқаи 11-ум ва Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 28-ум (ҳарду аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров) заданд.

Голи ҳалкунандаро дар дақиқаҳои охири бозӣ Давронҷон Тухтасунов (узви дастаҳои мунтахаби олимпӣ ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода) ба ҳадаф расонд.

Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Давронҷон Тухтасунов, ки бозигарони беҳтарини ин бозӣ эътироф шуданд, бо ҷомҳои Ширкати «Шоҳона» сарфароз гаштанд.

Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин бозӣ барои футболбозони ҷавони тоҷик як давраи омодагӣ ба сабқати интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд. Дар ҳайати даста беҳтарин футболбозони ҷавон аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар бозӣ карданд. Инчунин мо барои ширкат дар ин бозии дӯстона ба ҳайати тими олимпӣ се нафар дастпарварони футболи тоҷикро, ки феълан дар бошгоҳҳои футболи Русия ҳунарнамоӣ мекунанд, даъват кардем. Инҳо Фарҳод Восиев («Сатурн», Раменское), Нуриддин Давронов («Локомотив», Маскав) ва Искандар Ҷалилов (ССКА, Маскав) мебошанд. Боиси хушнудист, ки дастаи мунтахаби олимпӣ дар Рӯзи олимпӣ пирӯз шуд».

Қабл аз оғози бозии дӯстона, дар маросими кушоиши Рӯзи олимпӣ дар Варзишгоҳи марказӣ дар ҳузури тамошобинон қарордод дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати «Шоҳона» ба имзо расид. Қарордодро аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ноиби президенти ин кумита Маликшо Неъматов ва аз ҷониби Ширкати «Шоҳона» раиси он Наврӯз Усмонов имзо карданд. Бар асоси қарордод Ширкати «Шоҳона» ҳамчун сарпараст ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ то Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG