Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал: Ғалабаи шашуми «Саройкамар»


Бозиҳои даври 6-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ бар дастаи «Барқ»-и Норак бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод. «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ аз дастаи меҳмон РШВСМ-и Душанбе бо ҳисоби 1: 3 мағлуб гашт. «Ҳулбук»-и Восеъ дар майдони худ бар «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд. Бозии «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ ва «Ҷавонон»-и Турсунзода ба 1-уми июл мавқуф гузошта шуд.

дар ҷадвали мусобиқа «Саройкамар» бо 18 имтиёз дар ҷои аввал ва «Хайр» бо 11 имтиёз дар ҷои дуюм мебошанд. «Ҷавонон», ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 10 имтиёз дар ҷои сеюм қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 24-уми июн

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

6

6

0

0

15-5

18

2.

«Хайр»

6

3

2

1

19-12

11

3.

«Ҷавонон»

4

3

1

0

14-5

10

4.

«Панҷшер»

5

3

0

2

17-6

9

5.

«Ҳулбук»

6

3

0

3

14-14

9

6.

«Рангонгаз»

6

2

1

3

7-15

7

7.

«Локомотив»

6

2

0

4

4-11

6

8.

РШВСМ

4

1

1

2

6-9

4

9.

«Барқ»

6

1

1

4

5-15

4

10.

«Зарафшон»

6

0

2

4

6-14

2


Беҳтарин голзанҳо: Дилшод Табаров («Хайр») – 7 гол, Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 6 гол ва Зоир Холматов («Ҳулбук») – 5 гол.

Бозии мавқуфмондаи даври 2-юм байни дастаҳои РШВСМ - «Ҷавонон» 24-уми июн баргузор мешавад.

Бозиҳои даври 7-ум: 27-уми июн - «Панҷшер» - «Ҳулбук»,«Ҷавонон» - «Саройкамар», «Зарафшон» - «Барқ», «Рангонгаз» - «Хайр».
XS
SM
MD
LG